МАДРАСАИ БАРОҚХОН (Baroqxon madrasasi), ёдгории меъмории охири садаи XV — ибтидои садаи XVI дар Тошкент. Дар аҳди Барокхон (Наврӯз Аҳмад, ҳукмрони 1551—1556) бино ёфтааст. Атрофи ҳавлии мадрасаро ҳуҷраҳо иҳота намуда, дар ду тарафи муқобил пештоқ гузошта шудааст. Пештоқи шарқи нисбатан муҳташам буда, бурҷҳояш бо тоқҳои ороишиву ҳошияҳои ҷолиб зинат ёфтаанд. Пештоқи ғарбӣ низ мунаққаш аст. Гунбази 22-метраи тиловатхонаи Мадрасаи Бароқхон бо кошии фирузаранг пардоз ёфта, устувонаи баландиаш 4,5 м бо нақшҳои хандасиву катиба муайян шудааст. Мадрасаи Бароқхон ду мақбараро дар бар мегирад (мадфангохи Бароқхон ва Суюнчхон ҳокими Тошкент). Ороиши дохили иморат низ назаррабост. Қисми болои девор гачкориву ҳалкорӣ шудааст. Изорааш аз порчаҳои кошии шашгуша аст. Пас аз Инқилоби Октябрь чанд маротиба тармим гардндааст. Услубащ ба ёдгориҳои бехтарини маъмории Самарқанд (Окса-рой, Ишратхона) наздик аст. Ёдгорӣ дар муҳофизати давлат аст.

Акс:Madrassah-of-Barakhan.jpg
Комплекси мадрасаи Бароқҳон.