Мадрасаи Раҳмонқул
МАДРАСАИ РАХМОНҚУЛ, ёдгории меъморӣ дар Бухоро. Дар ахди Шохмурод сохта шудааст (1794— 95). Бино якошьёнаи на он кадар баланд, дар паҳлӯи Масҷиди Калон вокеъ аст. Намой асосии нморат ру ба ҷониби рох буда, дар марказ пешток ва дар ду паҳлӯяш гулдаста дорад. Асоси пештоқ бо изораи мармарии кандакорй, қисми болояш бо кошиҳои мунаккаш рӯкаш шудааст. Хавлӣ бо хучрахо ихота гардидааст. Руи девори хучрахо аввалхо кошикорӣ будааст. Мадраси Раҳмонқул бинои зебову назаррабо буда, ороишоти оддй, вале чолибаш ба меъмории классики мансуб аст. Едгорӣ дар муҳофизати давлат аст.