Мадрасаи Шердор - ёдгории меъморӣ дар Регистони Самарқанд. Солҳои 16191635 бо фармони сардори хонадони хонҳои узбек Олчин Ялангтуш Баҳодур дар рӯбарӯи Мадрасаи Улуғбек сохта шуда, аз рӯи банду баёт ва хусусан намой пеш ба он шабоҳат дорад. Накшунигори коши пештоқ бо тасвири офтоби нурафшони ба рӯи инсон монанд ва шери ба РИЗОЛ хамлавар (аз ин чост, ки Мадраса номи «шер-дор»-ро гирифтааст) чолиб аст. Меъморон нусхабардорӣ накарда, бандубасти дохили иморатҳо аз ҳам фарқ кунонидаанд. Хавлии чор суи Мадрасаи Шердорро чор айвони барҳаво иҳота кардааст. Ин айвонҳо бо нимгунбазҳои ба шарафаҳои сипаршакл такьякунанда пушонида шудаанд. Кошиву хотамкориҳои М. Ш. аз ороишоти диг. ёдгориҳои ин давр гуётару чузъҳои нақшунигораш даман калонтар буда, бештар шаклҳои хандасй ва мунаббатй истифода шудаанд. Девори айвонҳо саросар наккошй гулпартой шуда, чо-чо катибаҳо зебо сабт гардидаанд. Девори кафои иморат дар ду кунчаш гулдастаи пасту ғафс дорад. Дар яке аз катибаҳо номи офарандагони мадраса Абдучаббори Меъмор ва Муҳаммадаббоси Накош сабт гардидаанд. Мадрасаи Шердор дар ҳифзи давлат аст.

Мадрасаи Шердор
Мадрасаи Шердор дар маркаи почтаи СССР соли 1979

Адабиёт

вироиш
  • Mассон, М. Е., Регистан и его медресе, Тошкент, 1926;
  • Пугаченкова Г. А., Ремпель, Л. И. История искусств Узбекистана, М.,1956.

Пайвандҳо

вироиш