Мазори Имоми Молики Аждар
Мазори Имоми Молики Аждар - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Деҳаи Сангмелаи ноҳияи Шаҳринав зиёратгоҳҳои зиёде дорад. Ин ҷоро бештар «Қадамҷойи Зайнулобиддин» мегӯянд. Яке аз қадамҷойи дигар дар қисмати ҷануби деҳа қарор дорад, ки бо номи Қадамҷойи Молики Аждар маълум аст. Мардум ба зиёрати ин ҷо рӯзҳои чоршанбе меоянд ва бештар занон маросими мушкилкушоро анҷом медиҳанд..[1]
АдабиётВироиш
- Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.
ПайнавиштҳоВироиш
- ↑ Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |