Мазори Мавлоно Фатҳуллохоҷаи Чустӣ

Мазори Мавлоно Фатҳуллохоҷаи Чустӣ - яке аз ёдгориҳои таърихӣ буда, он дар дохили қабристони рӯ ба рӯйи масҷиди ҷомеи деҳаи Чузии ноҳияи Шаҳринав ҷойгир аст. Иддае муътақиданд, ки ин ҷо манзилгоҳи Фатҳуллоҳхоҷаи Чустӣ - бародари пири тариқати Нақшбандия Мавлоно Лутфуллоҳи Чустист ва ҳангоми аз дидорбинии Мавлоно Яъқуби Чархӣ баргаштан бемор шуда, дар деҳаи Чузӣ мемонад ва боқии умрашро дар ин ҷо мегузаронад. Эҳтимол меравад, ки баъзе эшонзодаҳои деҳа аз авлоди ин шахсият бошанд..[1]

Адабиёт

вироиш
  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258