Мазори Савда - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Мазори Савда дар самти ҷан. шар. деҳаи Ҷамбули Ҷамоати Боғистони ноҳияи Шаҳринав мавҷуд аст. Дар ин мазор с.50-60-уми асри 20 сокини бузургсоли деҳа Бобои Чургак ва ду тифл ба хок супорида шудаанд. Дар ин ҷо қабри шахси дигаре низ ҳаст, ки одами ботақвои худоҷӯй будааст ва аз дасти нохалафон шаҳид шудааст. Ин мазорро шаҳид низ ном мебаранд. Дар атрофи мазор чордаҳ дарахти савда ва дарахтони дигар қомат афрохтаанд.[1]

АдабиётВироиш

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

ПайнавиштҳоВироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258