Мазори Хоҷа Чилтани Валӣ
Мазори Хоҷа Чилтани Валӣ - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Мазор дар деҳаи Хоҷачидиёри Боло воқеъ аст. Мегӯянд, ки мадфангоҳ ба Ҳазрати Шайх-ул-Умар Бобо тааллуқ дорад. Дигаре иброз медорад, ки ин ҷо мазори Сайид Маҳмуди Ҳамадонӣ- бародари калони Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Муаллифе қайд мекунад, ки «Писари Худододаи Сӯфӣ бо номи Шоҳи Ҷаҳон Қутби Замон аст. Ҳам падар ва ҳам писар дар баландии деҳаи Хоҷачилдиёр ба хоби абад рафтаанд, мазорашон барои омма зиёратгоҳ аст»…Дар сулуки силсилаи Нақшбандия калимаи «Хоҷа»-ро бештар истифода мебаранд. Шайх-ул- Умар Бобо аз шайхони муътабари ин сулук ба ҳисоб мерафт. Ҳар сол моҳи май се чоршанбе пайи ҳам дар ин ҷо «Сайри Идона» баргузор мегардад, ки занону духтарон ба ин ҷо омада рақсу хурсандӣ мекунанд. Дар саргаҳи деҳа чашмае ҷорист, ки ба бемории хоришак давост, реги кабудаш ба маризии пӯст шифо мебахшад. Дар ин мавзеъ боз мазори «Сангпарто» мавҷуд аст..[1]
Адабиёт
вироиш- Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.
Пайнавиштҳо
вироиш- ↑ Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |