Мазори Чангоби Қоқ

Мазори Чангоби Қоқ- яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Чангоби Қоқ - аз сабаби беоб буданаш ба деҳа чунин ном гузоштаанд, мардумаш лалмикорӣ мекунанд. Дар деҳа ду мазори калон: «Чилдухтарон» ва «Чилламазор» мавҷуд аст, ки ҳайратангезанд. Ривоят мекунанд, ки чил духтари соҳибҷамол ба чил дарахти навруста табдил меёбанд. Дар қисми поёни мазори Чилдухтарон санги калони сурхеро Чилламазор мегӯянд, ки гӯё кӯдакони дар чилла будаи бемор аз он зуд шифо меёбанд..[1]

АдабиётВироиш

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

ПайнавиштҳоВироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258