Мазори Ҳазрати Хоҷа Абдурраҳмони Бузургвор

Мазори Ҳазрати Хоҷа Абдурраҳмони Бузургвор дар самти шимолу ғарбии деҳаи Патруи ноҳияи Шаҳринав ҷойгир аст. Дар дохили мазор се мадфангоҳ ба назар мерасад, ки яке бо номи Хоҷа Абдурраҳмон, дуюм бо номи Хоҷа Ҷонон ё Хоҷа Боваҷон, сеюмин хоҳари Ҳазрати Хоҷа Абдурраҳмон маълум аст. Ҳазрати Хоҷа Абдурраҳмони Бузургвор яке аз байрақбардорони дини мубини ислом ба ҳисоб мерафтааст. Мазор чиллахона дорад. Пас аз чилланишинӣ дар ин даргоҳ шахсони аҳли илми динӣ соҳиби обрӯ ва фазилат мегарданд. Андаруни мазори Ҳазрати Хоҷа Абдурраҳмони Бузургвор мадфангоҳе ҳаст, ки «Зиёратгоҳи Эшони Ҷонон» мегӯянд. Ин ормгоҳ аз рӯйи сохт ва намудаш ба асри 17—18 тааллуқ дорад. Эшони Ҷонон пас аз хатми мадрасаи Самарқанд ба вилояти Ҳисор омада, дар босаводкунии мардум ҳиссаи босазо гузоштааст. Ӯ аз илми қол ва ҳол бохабар буда, онро дар байни мардум ташвиқу тарғиб мекардааст..[1]

Адабиёт

вироиш
  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258