Максимилиа́н Карл Эми́л Ве́бер (олмонӣ: Maximilian Carl Emil Weber; 21 апрел 1864[1][2][3][…], Erfurt[d], Province of Saxony[d], Подшоҳии Пруссия[d][4]14 июн 1920[4][1][2][…], Мюнхен, Ҷумҳурии Веймар[d][4]) — сиёсатшиноси олмонӣ, иқтисоддон ва ҷамъиятшинос.

Макс Вебер
олмонӣ: Max Weber
Таърихи таваллуд 21 апрел 1864(1864-04-21)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 14 июн 1920(1920-06-14)[4][1][2][…] (56 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ sociology of religion[d], мутолеъаи таърих[d], илми иқтисод, ҷомеашиносӣ, таърих, иқтисод ва sociology of organisations[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Levin Goldschmidt[d], August Meitzen[d] ва Rudolf von Gneist[d]
Шогирдон Alfred Schütz[d] ва Harold Garfinkel[d]
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар донишгоҳҳои Фрейбург, Гейделберг ва Вена ба тадрис машғул буд; маҷаллаи сотсиологӣ таъсис дод. Ба фаъолияти сиёсӣ фақат дар охири умраш машғул шуд. Соли 1918 яке аз асосгузорони Ҳизби демократии Олмон гардид, вале дере нагузашта ба хотири розӣ набудан аз сиёсати «сотсиалкунонӣ»-и ҳизб онро тарк намуд. Макс Вебер дар таҳияи Конститутсияи Олмон иштирок намудааст. Андешаҳояш дар зери таъсири навкантгароӣ ташаккул ёфтаанд. Ӯ ҳамроҳи Риккерт ва Дилтей таълимоти навъҳои идеалиро эҷод намуд. Таълимоти навъҳои идеалӣ дар муқобили ғояи қонунмандии куллии инкишофи таърихӣ қарор дошт ва воситаи асосноккунии методологии гуногунандешӣ дониста мешуд.

Таълимот

вироиш

Масъалаи меҳварии таълимоти Макс Веберро равобити ҳаёти ҷомеа, манфиатҳои моддӣ ва идеологии умумиятҳои гуногуни иҷтимоӣ ва шуури динӣ ташкил медиҳанд. Макс Вебер дар асари «Ахлоқи протестантӣ ва рӯҳи капитализм» исбот карданӣ мешавад, ки капитализмро маҷмааи динию ахлоқии протестантӣ ташаккул дода, кордӯстӣ, эҳтиёткорӣ, ростқавлӣ ва дигар сифатҳо асоси маънавии ҷомеаи сармоядорӣ гардидаанд. Ӯ нақши омили иқтисодиро дар ташаккул ва рушди капитализм тавсиф намудааст, ки бо таълимоти марксизм оид ба андӯхти ибтидоӣ ва арзиши изофа дар рақобати оштинопазир қарор дорад.

Ба ақидаи Макс Вебер, давлат ҳукмронии одамон бар одамон аст, ки ба зӯроварӣ ҳамчун восита такя менамояд. Вобаста ба омӯзиши таърихи умумии ҳуқуқ, давлат ва ҳокимият Макс Вебер назарияи навъҳои идеалии ҳокимиятро пешниҳод менамояд, ки дар таърихи халқҳои гуногун вомехӯранд. Ҳокимияти муосир ва аз ҳама пешқадам ҳокимияти ақлгароёна ва қонунӣ мебошад. Унсури асосии ин ҳокимиятро мавҷудияти бюрократияи касбӣ ташкил менамояд. Бюрократия ҳамчун низоми идора донис- та мешавад, ки ба он маротиб, бешахсиятӣ, муттасилӣ ва интихоби озмунӣ хос аст. Оқибат бюрократия барои ҷомеаи мураккаби индустриалӣ ҳукми зарурат мешавад.

Ба андешаи Макс Вебер рушди бюрократия ба моҷарои байни он ва демократия мерасонад. Дар натиҷаи ҷалб намудани оммаи мардум ба ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ иттиҳодияҳои зиёди одамон ташкил мешаванд, ки оқибат ба қувваи муқовиматангези ҷомеа табдил меёбанд. Барои аз зулми бюрократҳо халос шудан Макс Вебер назарияи плебисситарии демократияро пешниҳод менамояд. Мувофиқи он сарвари хориқулода, ки тавассути роҳи плебисситарӣ (овоздиҳии бевоситаи мардум) интихоб гардидааст, бояд демократияи парламентиро тақвият диҳад. Маҳз сарвари хориқулода метавонад, ба андешаи Макс Вебер, аз бисёр ҷиҳатҳо масъалаҳои муносибатҳои байниҳамдигарии шахсият, ҷомеа ва давлатро ҳал намояд.

Макс Вебер асарҳои бисёре боқӣ гузоштааст. Масъалаҳои сиёсии ҷомеа бештар дар асарҳои «Ахлоқи протестантӣ ва рӯҳи капитализм» (1905), «Парламентаризми олмонӣ дар гузашта ва оянда» (1918), «Сиёсат ҳамчун истеъдод ва касб» (1919), «Хоҷагӣ ва ҷомеа» (1921) ва ғайра баррасӣ шудаанд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Mitzman A. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 Babelio (фр.) — 2007.
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 Девяткова Р. П. Вебер Макс // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1971. — Т. 4 : Брасос — Веш. — С. 348.

Адабиёт

вироиш