Маликаи Аваз (тав. 5 феврали 1967) - шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2014)

Маликаи Аваз
Маликаи Аваз
Таърихи таваллуд: 5 феврал 1967(1967-02-05) (57 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҷомӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Маликаи Аваз 5 феврали соли 1967 дар ноҳияи Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар ноҳия ба поён расонда, дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Фаъолияти кориашро аз муаллимии мактаби таҳсилоти умумӣ сар карда, дар айни замон корманди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Борони найсон», «Атри гирён» ва «Ашки ҳасрат» аст.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.26 ISBN 978-99947-2-379-9