Малик Ваҷдии Қумӣ (форсӣ: ملک قمی[1]; 1503, Қум1587) — шоири форс-тоҷик.

Малики Қумӣ
Таърихи таваллуд: 1503
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1587
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Мувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибӣ ин шоир аз шаҳри Қуми Эрон буда, бо номи Малики Қумӣ низ шуҳрат доштааст. Гуфтораш латиф ва ашъораш матин будааст. Ӯ ба ғайр аз ғазалҳо, рубоиёт ва дигар анвои шеър, маснавие бо номи «Санаму Бараҳман» навиштааст. Рубоии зерин аз ӯст:

Бар тунги шакар мӯрча раҳ хоҳад кард,
Бар лола бунафша такягаҳ хоҳад кард.
Аз оташи рухсори ту хоҳад бархост,
Дуде, ки ҳазор дил сияҳ хоҳад кард.

  1. مولانا ملک محمد ملک قمی. ویستا. 20 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш