Маликнеъмат Неъматов
Маликнеъмат Неъматов 20 ноябри соли 1959, дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи муҳосиб қадам ба арсаи вуҷуд ниҳодааст. Соли 1977 мактаби миёнаро бо шаҳодатномаи аъло хатм карда, донишҷӯи бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи Омӯзгории Хуҷанд гардидааст.Дар солҳои донишҷӯӣ бо дастгирии шоираи шуҳратёри хуҷандӣ Озод Аминзода намунаи шеър{ои худродар рeзномаи вилоятb интишор дода, дар олами эxод гом{ои нахустин гузоштааст. Минбаъд намунаҳои эҷодиёташ дар тамоми рӯзномаву маҷаллоти ҷумҳурӣ ва берун аз он муназзам интишор шудан гирифтаанд. Чанде дар рӯзномаи ноҳиявии «Машъал» ба сифати мусаҳҳеҳ ифои вазифа намуда , тайи солҳои минбаъд то имрӯз, яъне наздик сӣ соли охир ба шуғли ифтихорманди омӯзгорӣ иштиғол дорад. Дар намудҳои гуногуни адабӣ асар эҷод намуда, навиштаҳояш дар китобҳои«Нилуфари маҳтоб», «Одамасп», «Эҳёи Мадрушкат» (ҳамроҳи О.Исматӣ) «Ин дарахтон», «Маснавии навӣ», «Неши нӯш», «Хуршедҳои гумшуда»(Эрон),«Пионерия»(Украина), «Сурмаи дил», «Ҳақталош», ва «Деҳхудо» интишор гардидаанд.
Аз соли 1999 омӯзгори дараҷаи олӣ, аз соли 2001 Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2005 узви Иттиҳоди Нависандагони Тоҷикистон, аз соли 2006 Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2007 узви Конфедератсияи байналмилалии журналистон , аз соли 2012 Аълочии Матбуоти Тоҷикистон ва ҳам акнун ҷонишини директории Литсейи рақами 1 мебошад. Ҳамчунин дар мавзӯи «Рашаҳоту айнилҳаёти»-и Фахриддин Алии Сафӣ» рисолаи номзадӣ навишта, соҳиби унвони номзади илмҳои суханшиносӣ гардидааст.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |