Маликушшуаро Баҳор

шоир ва донишманди эронӣ

Муҳаммадтақии Маликушшуаро Баҳор (форсӣ: محمدتقی ملک‌الشعراء بهار‎; 7 ноябр 1886[1], Машҳад, Устони Хуросон[2]21 апрел 1951[1], Теҳрон[2]) — шоир, адиб, нависанда, рӯзноманигор, таърихнигор ва сиёсатмадори эронӣ.

Маликушшуаро Баҳор
Таърихи таваллуд: 7 ноябр 1886(1886-11-07)[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 21 апрел 1951(1951-04-21)[1] (64 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, сиёсатмадор, рӯзноманигор, муаррих, адиб, тарҷумон, мақоланавис, нависанда, устоди донишгоҳ
Забони осор: форсӣ[3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммадтақӣ Баҳор дар шеъри муосири Эрон пойгоҳе бас баланд дорад. Ӯ дар соли 1886 дар Машҳад ба дунё омадааст. Падари ӯ Мирзо Муҳаммад Козими Сабурӣ мулаққаб ба Маликушшуаро буд ва пас аз даргузашти ӯ дар соли 1904 ба дастури Музаффариддиншоҳи Қоҷор ин лақаб ба Баҳор вогузор шуд. Баҳор дар соли 1906 дар Хуросон ба наҳзати миллиюн пайваст. Вай дар давраи истибдоди сағир махфиёна бо чанд тан аз дӯстони худ рӯзномаи «Хуросон»-ро мунташир сохт ва нахустин шеъри ваиании худро дар он мунташир кард. Ин шеър мустазрде ба унвони «Кори Эрон бо Худост» буд, 1909 бо матлаи зер шурӯъ мешавад:

Бо шаҳи Эрон зи озодӣ сухан гуфтан хатост,
Кори Эрон бо Худост.
Мазҳаби шоҳаншаҳи Эрон зи мазҳабҳо ҷудост,
Кори Эрон бо Худост

Дар соли 1910 ҳизби демократии Эрон ба роҳбарии Ҳайдарзон Умуӯғлӣ аз пештозони назҳати миллигароии Эрон ташкил шуд ва Баҳор ба кумитаи иёлотии он баргузида шуд ва дар ҳамин сол рӯзномаи «Навбаҳор»-ро, ки органи маҳаллии ҳизби ҷадид буд мунташир сохт. Ба таъбири ӯ, ин рӯзнома ба сабаби ҷасорат ва сароҳати лаҳҷа ва маҳкумсозии сарсахтонаи ситезаҷӯиҳои Русия аҳамияти дархур дошт. Ва саранҷом ин рӯзнома бо эъмоли фишори сафорати Русия бар Вазорати умури хориҷа дар соли 1912 мутавақиф шуд ва Баҳор ба Теҳрон табъийд гардид, аммо баъд аз як сол Баҳор ба Машҳад баргашт ва ин рӯзномаро дубора ба роҳ андохт, вале баъд аз интишори чанд шумора дубора тавқиф шуд. Маликушшуарои Баҳор дар соли 1913 низ ба намояндагии Маҷлиси севвум интихоб ва роҳии Теҳрон шуд. Дар айёми иқомат дар Теҳрон мустазоде суруд ва дар он ба табақоти мумтозу ашроф ва рафтори ношоистаи онҳо бо тӯдаи мардум тохт:

Аз хавос аст ҳар он бад, ки равад бар ашхос
Дод аз дасти хавос
Кисто он касе, ки зи бедоди хавос аст халос,
Дод аз дасти хавос…

Вай дар соли 1916 як маҳфили адабӣ ташкил дод ба номи «Донишкада» ва бо кумаки ҳамин маҳфил нашрияе бо ҳамин ном мунташир кард ва дар ҳамин замон низ бори дигар рӯзномаи «Навбаҳор»-ро мунташир намуд, вале боз ҳам «Навбаҳор» тавқиф шуд. Баҳор дар соли 1921 баъд аз кудатои Ризохон ба зиндон рафт ва се моҳ дар зиндон монд. Дар соли 1922 ва баъд ба намояндагии Маҷлиси чаҳорум, панҷум ва шашум расид ва пас аз он муваққатан аз корҳои иҷтимоию сиёсӣ канора гирифт ва ба корҳои адабӣ пардохт. Ва дар соли 1925, ки силсилаи Қоҷор сукут кард, Баҳор ба истиқболи ҳукумати ҷадиди Паҳлавӣ ин шеърро суруд:

Бадруд гуфт давлати Қоҷорӣ,
Марг андар омад аз паси беморӣ.
Фарҷоми зишти зеш падид овард.
Кундиву коҳиливу сабуксорӣ.
В-омад ба ҷои коҳиливу кундӣ
Ҷалдиву чирадастиву ҳушёрӣ.

Баҳор аз шуароест, ки чи дар заминаи сиёсию иҷтимоӣ ва чи дар заминаи адабию таҳқиқотӣ бисёр фаъол буд ва аз назари адабӣ ва корҳои таҳқиқотӣ осори арзандае аз худ ба ҷо гузошт. Девони шеъри ӯ нишонгари тасаллути ӯ бар ҷамеи қолабҳои суннатии шеъри форсӣ қасида, ғазал, маснавӣ, мусаммат, тарҷеъбанд, таркиббанд, мустазод, рубоӣ ва ҳатто таснифҳои миллию меҳанист. Аммо бештари иқтидори ӯро дар майдони қасидасароӣ ба сабки хуросонӣ меёбем. Аслитарин буъди таҷаддудталабии Баҳор омехтани қолабҳои суннатӣ бо мафоҳимини тозаи сиёсӣ-иҷтимоӣ аст. Ҷонамояи шеъри Баҳорро бояд «Ватан ва озодӣ» донист. Танину тапиши осори шоирони куҳан, хусусан Фирдавсӣ, Фаррухии Систонӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Манучеҳрӣ ва аз мутааххирон Адибулмамолики Фароҳонӣ дар сурудаҳои Баҳор мавҷ мезанад. Илова бар девони дуҷилдаи ашъор осори таҳқиқотии Баҳор низ гӯё иҳота ва тасаллути ӯ бар меросу мафохири адаби форсӣ ва араб ва араб аст. Осоре назири «Сабкшиносӣ ё таърихи татаввури насри форсӣ» (дар се ҷилд), «Баҳор ва адаби форсӣ» (Маҷмӯи мақолот), тасҳеҳи мутуни «Таърихи аҳзоби сиёсӣ» ва ғайра дар ин радиф қарор доранд. Дар маҷмӯъ Баҳор бо ҳамаи фарозу нишебҳои фикрӣ ва ҳунариаш шоир ва адибест муталлиқ ба се давраи адабӣ: бозгашт, таҷаддуд ва навгароӣ ва аз ҷумлаи шуаро ва удабоест, ки ҳам дар таҳқиқоти адабӣ ва ҳам дар шеър мақоме шоиста ва мондагор дорад. Ин адиб ва муҳаққиқ ва шоири барҷаста саранҷом дар соли 1951 чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

Мустазоди «Кори Эрон бо Худост» (1905) ва қасидаи «Сӯйи Ландан гузар, эй пайки насими саҳарӣ»-и ӯ (1910), ки ба танқиди иртиҷои дохилӣ ва сиёсати мустамликадорони англис равона шудаанд, хеле шуҳрат ёфта буданд. Аз соли 1909 то соли 1921 бо таътилҳои гуногунмуддат рӯзномаи «Навбаҳор»-ро нашр кард, ки равияи демократӣ дошт. Аз соли 1914 сокини шаҳри Теҳрон шуд. Соли 1918 анҷумани адабии «Донишкада» ва бо ҳамин унвон маҷаллае таъсис дод, ки зиёда аз як сол вуҷуд дошт ва дар ҳаёти адабии вақти Эрон нақши мусбат бозид. Соли 1919 муддате муҳаррири рӯзномаи «Эрон» буд. Барои ашъори сиёсиаш борҳо ба муҳлатҳои гуногун ҳабс (1916, 1929, 1932) ва бадарға (1911, 1916, 1933) шудааст. Маснавии «Корномаи зиндон» (дар пайравии «Корномаи Балх»-и Саноӣ) ва ҳабсияҳои дар пайравии Масъуди Саъди Салмон сурудааш маҳсули ҳамон давраҳоянд. Аз соли 1934 муаллими забон ва адабиёти форсӣ ва аз соли 1935 профессор Донишгоҳи Теҳрон буд. Соли 1945 ба Иттиҳоди Шӯравӣ омада, баъди бозгашт қасидаи «Ҳадяи Боку»-ро навишт, ки натиҷаи таассуроти мусбати шоир аз ин сафар аст. Солҳои 1943-47 раиси комиссияи адабиёт дар назди Ҷамъияти робитаҳои мадании Эрон бо ИҶШС буд. Дар солҳои охири умр роҳбарии Ҷамъияти эронии тарафдорони сулҳро ба уҳда дошт. Дар ин миён соли 1946 чанд моҳ вазири фарҳанги Эрон низ буд. Асари охирини ӯ «Ҷуғди ҷанг» (1951) ба гимни тарафдорони сулҳ табдил ёфта буд.

Баҳор қариб дар тамоми қолабҳои шеъри классикии форс-тоҷик зиёда аз 36 ҳазор байт боқӣ гузоштааст. Дар қасида пайрави сабки хуросонӣ ва дар ғазал пайрави сабки ироқӣ буд, маснавиҳояш дар пайравии Саноӣ ва Низомии Ганҷавӣ суруда шудаанд. Шеърҳои «Мурғи шабоҳанг», «Кабӯтарони ман» ва ғ., ки дар қолаби чаҳорпораҳо ва бо қофияи якдармиён навишта шудаанд, маҳсули навҷӯиҳои шоиранд. Қисми зиёди мероси манзуми Баҳорро қасида ташкил медиҳад. Бинобар гуфтаи адабиётшиноси эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб, «Баҳор шоири ишқу ғазал нест, шоири ҳамосаву қасида аст». Баҳор дар қасида мазмунҳои замонашро ба сабки хуросонӣ ифода намудааст. Ӯ мегӯяд, ки «Падарам ба сабки шуарои қадими Хуросон ва Туркистон шеър мегуфт… Умуман шуарое, ки дар Хуросон зистанд, ба ин сабк майли бештаре доштанд, то ба сабкҳои ироқӣ ё ҳиндӣ. Ман низ бо ҳамин роҳ рафтам». Дар бисёре аз ташбибҳои қасидаҳояш Баҳор ба Рӯдакӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва Муиззӣ пайравӣ кардааст:

Ангур шуд обистан, ҳон, эй бачаи ҳур,

Бархезу ба гаҳвора фикан баччаи ангур.

Фарҳангшиноси бузурги Эрон Алиакбари Деҳхудо ин ҷиҳати мероси Баҳор ро арзёбӣ карда навиштааст: «Баҳор бузургтарин намояндаи муосири сабки хуросонист. Гуфтан мумкин аст, ки дар ҳудуди чор-панҷ қарни охир шоире бо ин табъу тавоноӣ набуд». Баҳор дар қасида бо пайравӣ ба мутақаддимин маҳдуд нашуда, тасвирҳое офаридааст, ки тобишу тамоюли реалистӣ доранд:

Тали шақиқ ба монанди мақталест шариф,

Дарахти сарв ба кирдори гунбадест кабуд.

Ба тарфи марз -бар он лолаҳои нашкуфта

Чунон бувад, ки сари найзаҳои хунолуд.

Дар ғазали ошиқона ва андарзӣ Баҳор бештар аз сабки Саъдӣ ва Хоҷуи Кирмонӣ пайравӣ кардааст. Аммо дар ғазалҳои иҷтимоӣ сабки озоди худро дорад, ки ғазали:

Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,

Қафасам бурда ба боғею дилам шод кунед

намунаи ин сабк аст. Баҳор яке аз аввалин шоирони муосири Эрон буд, ки шеърро аз дарбор ба миёнаи мардум кашида, ба қолабҳои анъанавӣ мазмунҳои замонавӣ ворид кард ва бо ҳамин яке аз саромадони равияи демократии назми муосири Эрон гардид.

Баҳор дар адабиётшиносии Эрон низ хидмати арзанда дорад. Асари сеҷилдаи «Сабкшиносӣ», ки таърихи татаввури насри форсиро фаро гирифтааст, рисолаҳои «Шеър дар Эрон», «Рисола дар шарҳи ҳоли ҳаким Абулқосими Фирдавсии Тусӣ», «Рисола дар аҳволи Монӣ» аз осори муҳимми илмии Баҳор мебошанд. «Таърихи Сиистон», «Таърихи Балъамӣ», «Муҷмал-ут-таворих ва-л-қисас», «Ҷаво¬меъу-л-ҳикоёт»-и Авфиро низ бори аввал Баҳор бо тасҳеҳу ҳавошӣ ба табъ расондааст. Аз паҳлавӣ «Ёдгори Зарирон», «Рисолаи мотигони шатранг» ва ғайраро ба форсӣ гардондааст.

Аз ғазалиёт

вироиш

Мурғи гирифтор

Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,
Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.
Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон баҳри Худо
Биншинед ба боғеву дилам шод кунед.
Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй мурғон,
Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед.
Ошёни мани бечора агар сӯхт, чӣ бок!
Фикри вайрон шудани хонаи сайёд кунед.
Бесутун бар сари роҳ аст, мабод аз Ширин
Хабаре гуфтаву ғамгин дили Фарҳод кунед.
Ҷаври бедод кунад умри ҷавонон кӯтоҳ,
Эй бузургони ватан, баҳри Худо, дод кунед.
Гар шуд аз ҷаври шумо хонаи мӯрон вайрон,
Хонаи хеш муҳол аст, ки обод кунед.
Кунҷи вайронаи зиндон шуд агар саҳми Баҳор,
Шукри озодиву он ганҷи худодод кунед.
  • Мунтахаботи ашъор. Сталинобод, 1958;
  • Мурғи саҳар. Мунтахаби ашъори Маликушшуаро Баҳор. Д., 2006.

Адабиёт

вироиш
  • Абдуманнонов А. Нуқтаи назар. Д., 1990;
  • شامحمدوف ش. ملک‌الشعراء بهار. تهران، ۱۹۶۷
  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. Душанбе — 2012. Саҳ — 42

Сарчашма

вироиш
  • Баҳор Муҳаммадтақии Маликушшуаро / А. Абдуманнонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.