Малҳам барои лаб
Малҳам барои лаб - воситае мебошад, ки барои нарм кардани пӯсти шамолзада ё кафидаи лабон, инчунин барои табобати табхол молида мешавад. Малҳам дар бештари мавридҳо дар таркибаш муми асал ё карнаубӣ, камфора, ланолин, парафин, вазелин ва ғ дорад.[1]
Дар 2019 сол ҳаҷми бозори ҷаҳонии малҳам барои лаб 660 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард. Пешбинӣ мешавад, ки бозор дар давоми панҷ соли минбаъда бо суръати 7,3% афзоиш мекунад ва дар 2024 сол ба 1010 миллион доллари ИМА баробар мешавад.[2]
Намудҳо
вироишВобаста ба ҷузъҳои ба таркиби малғам воридшуда намудҳои гуногуни малҳам мавҷуд аст[3]:
- Онро дар мавсими тобистон ё дар ҷойҳои фаъолнокии баланди офтоб (ба монанди истироҳатгоҳҳои лижаронии кӯҳӣ) истифода кардан зарур аст.
- Малҳами ғизодиҳанда барои лаб. Онро дар мавсими зимистон истифода кардан беҳтар аст.
- Малҳами намкунанда барои лаб. Дар мавсими зимистон ҳангоми истифодаи он лабон кафида метавонанд, чунки малҳам хеле зуд ҷаббида мешавад.
- Малҳами табобатӣ барои лаб. Он амали нармкунанда ва зиддисептикӣ дорад.
- Малҳам барои лаб бо равғанҳои табии дар таркибаш. Дар таркиби чунин восита метавонад равғани кунҷит, равғани бабассу, витаминҳои Е ва А мавҷуд бошад, ки хушкшавӣ ва кафидани лабҳоро пешгирӣ мекунад.
Технологияи истеҳсол
вироишМарҳилаҳои истеҳсолии малҳам барои лаб дар бар мегиранд[4]:
- Тафтиши ашёи ибтидоӣ тибқи нишондиҳандаҳои сифатӣ (барои воситаҳои косметикӣ меъёрҳои қатъии бехатарӣ тақозо мешаванд)
- Воякунӣ, обкунӣ, омехтакунии ҷузъҳо (дастгоҳҳои махсус ва шартҳо истифода мешавад)
- Коркарди вакуумии мавод (хориҷкунии ҳубобчаҳо)
- Заррашаклшавии мавод (дар давоми ду шабонарӯз мегузарад)
- Обкунӣ
- Шаклбандӣ (тақсими ҳаҷми умумии малҳам ба порачаҳо, додани шакли зарурӣ)
- Борпечикунӣ (ҷойгиркунии восита ба қуттӣ)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Candelilla Wax vs Beeswax vs Carnauba. beerealhoney.com. 10 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Lip Balm Market Size 2021. ktvn.com. 10 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 ноябри 2021.
- ↑ Types of lip balms. How to choose the right lip balm?. pleasingcare.com. 10 ноябри 2021 санҷида шуд.
- ↑ Cosmetic Process: Lipstick Synthesis. slideshare.net. 10 ноябри 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)