Мамадёр Мамадназарбеков

Мамадёр Мамадназарбеков (тав. 23. 01. 1931, ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон), иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисодӣ (1962), профессор (1986), Арбоби илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).

Зиндагинома

вироиш

Соли 1953 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Сталинобод ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1949– 1951 муаллими таърих ва мудири қисми таълими мактаби миёнаи шаҳри Хоруғ ва мактаби миёнаи ноҳияи Роштқалъа, 1953–1954 шунавандаи курсҳои махсуси яксолаи тайёрии муаллимони илмҳои ҷамъиятшиносӣ барои мактабҳои олӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ш. Тошкент), 1954–1958 муаллими калони кафедраи иқтисодиёти сиёсии Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 1958–1959 муаллими калони кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, 1959–1962 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ-и шаҳри Москва, 1962–1966 сардори шуъбаи илм ва нашриёти Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1966–1972 мудири шуъбаи иқтисодиёти сиёсии Институти иқтисодии АИ ҶШС Тоҷикистон, 1973–1994 мудири кафедраи иқтисодиёти сиёсии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1986–1988 профессори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кобул ва мушовири ректори донишгоҳи мазкур буд. Аз соли 1994 то ба имрӯз профессори кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Солҳои зиёд ҳамчун ҳамкор дар кафедраи иқтисодиёти сиёсии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 225 таълифоти илмиву оммавӣ мебошад. Дар корҳои илмияш қонуниятҳои иқтисодии такрористеҳсол ва сармоягузории иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ намудааст. Бо роҳбарии ӯ 25 нафар рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо нишони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1964), «Аълочии мактаби олии ИҶШС» (1984), медали «Барои меҳнати шоён», бахшида ба 100 солагии зодрӯзи В. И. Ленин (1970), медали «Собиқадори меҳнат» (1985), медали «10 соли инқилоби Савр» ва дигар ифтихорномаҳои давлативу ҷамъиятӣ сарфароз карда шудааст.

Луғати мухтасари иқтисоди сиёсӣ, Д., 1973; Сиёсати иҷтимоӣ дар замони иқтисоди бозорӣ, Д., 1991; Диалектика внутренных и внешных факторов экономического роста, Д., 1987; Манобеъи дохилии анбошти сармоя ва ашклои баисҷи он дар кишварҳои рӯ ба инкишоф, Кобул, 1987.

Пайвандҳо

вироиш