Мамнӯъгоҳи табиӣ
Мамнӯъгоҳи табиӣ (заповедник) гуфта маконеро меноманд, ки дар он ҳамаи омилҳои табий - олами наботот, олами ҳайвонот, дарёю кулҳо дар ҳолати табий ҳифз карда мешаванд.
Шарти асосии ташкили мамнӯъгоҳ ҳифз, нигаҳдорӣ ва барқарор кардани экосистемаҳои табий мебошад. Дар мамнуъгоҳхо тамоми кисмҳои замин дар шакли аслиаш нигоҳ дошта мешаванд. Дар мамнӯъгоҳҳо шикор, чаронидани чорво, буридани дарахтон, чамъоварии рустанихо, истеҳсол ва коркарди сарватҳои табий, гаштугузори одамхо ба чуз гузаронидани корҳои илмию тадкикотӣ манъ аст. Мамнӯъгоҳҳо дар байни чорабиниҳои умумии ҳифзи табиат ҷои муҳимро ишгол мекунанд. Мавзеъҳое (калонҳачм ва хурд), ки дар ихтиёри мамнӯъгоҳҳо ҳастанд, пурра ва доимй аз ихтиёри хоҷагихо баромада, бо сарватхояшон ба тобеияти онҳо гузаронда мешаванд. Мамнӯъгоҳ ин лабораторияи илмии табиӣ мебошад. Ҳамаи мавзеъҳои ҳифзкунанда ва ҳифзшаванда - шакли ҳифзи табиии давлатӣ мебошад. Ҳамчунин бояд донист, ки мамнуъгоҳ мавзеъро дар бар мегирад, ки мувофики қонун, урфу одат ё таомул хифз карда мешавад. Мамнӯъгоҳҳо, вобаста ба вазифаашон, чанд намуд доранд: мамнӯъгоҳҳои биосферавӣ, давлатӣ, байналмилалӣ, сарҳадӣ, пурра, таҷрибавӣ, таърихӣ, хотиравӣ ва экологӣ.
Шумораи умумии мамнӯъгоҳҳо дар сайёра дар айни замон ба 2850 (танҳо дар ИМА зиёда аз 1615) адад расидааст. Дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, ки масоҳаташ 1/6 қисми хушкии сайёраро ташкил медод, зиёда аз 140 мамнӯъгоҳ фаъолият дошт ва масоҳати умумиашон ба 10990130 га мерасид. Ҳоло дар Россия 56, Узбекистан 11, Қазоқистон 6, Туркманистон 6, Қирғизистон 6 ва Тоҷикистон 4 мамнӯъгоҳ вуҷуд доранд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ М. Дарвозиев, И. Сафаров. Экология. Китоби дарсӣ. -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 132-133
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |