Мандуб (ар. مندوب‎‎‎) — яке аз аҳкоми панҷгонаи шаръӣ, исми мафъул, дар луғат ба маънои амр ва коре, ки ба сӯи он даъват ва ташвиқ шуда ва дар истилоҳи уламои усул амр ва ҳукмест, ки аз сӯи шаръ ба он ташвиқ шуда ва Худованд анҷом додани онро аз бандагони мукаллаф ба таври ғайри ҳатмӣ ва илзомӣ талаб кардааст.

Навъҳои мандубот

вироиш

Ба ҷо овардани он ҳатман савоб дорад, вале таркаш азоб надорад. Мандубот дар шаръ дорои дараҷаҳои мутафовит ва навъҳои гуногун ҳастанд, ки дар умум онҳоро ба се навъи асосӣ: а) суннатҳои муаккада ва ё сунани ҳудо, б) суннатҳои завоид, в) навофил ва ё мустаҳаббот ҷудо кардаанд.

Сарчашма

вироиш
  • Абдушарифи Боқизода. Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби Ҳанафӣ. Душанбе, 2017.