Манифести Ҳизби Коммунистӣ

"Манифести Ҳизби Коммунистӣ" (олмонӣ: Manifest der Kommunistischen Partei) — асари Карл Маркс ва Фридрих Энгелс аст, ки муаллифон дар он ҳадафҳо, вазифаҳо ва усулҳои муборизаи ташкилотҳо ва ҳизбҳои ба вуҷуд омадаистодаро эълон ва асоснок мекунанд.

Манифести Ҳизби Коммунистӣ

Муаллиф: Карл Маркс ва Фридрих Энгелс
Нашр: 21 феврал 1848
Саҳифаҳо: 73
Нусхаи электронӣ

Ин асари муҳими марксистӣ мегӯяд, ки тамоми таърихи пешинаи инсоният таърихи муборизаи синфҳост. Муаллифон ногузирии марги капитализмро аз дасти пролетариат эълон мекунанд, ки он бояд ҷомеаи бесинфии коммунистиро бо моликияти ҷамъиятӣ ба воситаҳои истеҳсолот бунёд кунад.

Дар "Манифести Ҳизби Коммунистӣ" Маркс ва Энгелс диди худро дар бораи қонунҳои рушди иҷтимоӣ ва ногузирии тағирёбии шеваҳои истеҳсолот баён кардаанд. Ҷойи муҳимро дар "Манифест" баррасии интиқодии назарияҳои гуногуни ғайримарксистии сотсиализм ва таълимотҳои реаксионии "псевдо-сотсиалистӣ" ишғол мекунанд. Ҳамин тариқ, «коммунизми хом ва бад фикркардашуда» -и утопикии онҳое, ки принсипи моликияти хусусиро ба ҳама васеъ паҳн кардаанд («моликияти хусусии умумӣ») сахт интиқод карда мешаванд. Илова бар ин, дар "Манифест" гуфта мешавад, ки коммунистон, ҳамчун қисми ҳалкунандаи пролетариат, "як ҳизби махсуси мухолифи дигар партияҳои коргарӣ нестанд" ва инчунин "дар ҳама ҷо онҳо ҳар як ҳаракати инқилобиро, ки бар зидди системаи мавҷудаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона карда шудааст, дастгирӣ мекунанд» ва «муттаҳидсозӣ ва созишномаҳои байни ҳизбҳои демократии ҳамаи кишварҳоро ҷустуҷӯ доранд».

Манифест бо суханони зерин оғоз мешавад: "Рӯҳ дар Аврупо мегардад - рӯҳи коммунизм. Ҳама нерӯҳои Аврупои куҳна барои таъқиби муқаддаси ин шабаҳ (рӯҳ) муттаҳид шуданд: попу подшоҳ, Меттерних ва Гизо, радикалҳои фаронсавӣ ва полисҳои Олмон." Он бо ҷумлаҳои зерин ба поён мерасад: «Бигзор синфҳои ҳукмрон пеш аз Инқилоби Коммунистӣ ба ларза оянд. Пролетарҳо дар он ҷуз занҷирҳои худ чизи дигаре аз даст нахоҳанд дод. Онҳо тамоми ҷаҳонро соҳиб хоҳанд шуд" ва пас аз он шиори маъруфи таърихӣ:" Меҳнаткашон (Пролетарон)-и ҳамаи кишварҳо, як шавед!" меояд

Бори аввал 21 феврали 1848 дар Лондон нашр шудааст. Он борҳо, аз ҷумла дар давраи зиндагии муаллифон дубора чоп шудааст, аммо тағироте ба амал наомадааст. Дар пешгуфтори нашри олмонии соли 1872 Энгелс қайд кардааст: "Бо вуҷуди ин, Манифест ҳуҷҷати таърихист, ки мо дигар худ соҳиби ҳуқуқи тағир доданаш надорем."