Манора — як меъмориест, ки дар масоҷид ва мадарасоҳо бунёд карда мешавад. Вазифаи асосии манора нишона, даъват ба номоз аст.

Манора дар Навгилем
Манора дар Навгилем

Манора (ар., манбаи нур, чароғдон), 1) гулдаста ё бинои бурҷмонанд, ки асосан дар пеш ва шафати масҷиду мадрасаҳо ё дар дохили ҳавлии онҳо барои азонгӯйӣ сохта мешуд. Аз ин рӯ, баъзан онро маъзана низ мегӯянд. Манораҳо дар водии Ҳисор дар назди масоҷид сохта шудаанд, аммо хеле кам. Танҳо солҳои охир дар назди масҷидҳо ба бунёди Манора оғоз карданд. Манораҳо дар ибтидо аз берун зина ё поғундаи морпеч доштанд, баъдҳо онро дар дохили Манораҳо месохтанд. Манораҳо ба сифати дидбонгоҳ ва нишони роҳ низ истифода мешуданд. Манораҳоро асосан аз хишт, санг ва баъзан чӯб месохтанд. Манорасозӣ бештар дар мамлакатҳои Шарқи исломӣ маъмул буд. Манораҳои мудаввар, серқирра ва чоркунҷа маълуманд. Манораҳои Миср, Ироқ, Эрон, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Миёна асосан мудаввар ё бисёрпаҳлу буда, бо лавҳаҳои кандакорӣ, кошӣ ва қафасаҳои нақшин оро меёфтанд. Манораҳои чоркунҷа хоси меъмории Сурия ва мамлакатҳои Африқои Шимолист. Дар аксар М.- ҳо: Эрон, Ҳиндустон, мамлакатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Миёна катибаҳо низ сабт меёфтанд; 2) иншооти баланде, ки озод меистад. Устувории онро Ҳисор 3000 сол конструксияи асосӣ (бе бандакҳо) муайян мекунад. М-ҳои замонавиро аз пӯлод, чӯб, оҳанубетон, санг (телеманораҳо, радиоманораҳо, Манораҳои обфишор, М.-ҳои силосхобонӣ ва ғ.) месозанд. Конструксияи сутуни М. одатан аз системаи фазоии миллаҳо (гирда, секунҷа, росткунҷа, мураббаъ, бисёркунҷа) иборат аст. Ба Манора асосан омилҳои метероологӣ (шамол, гармову сармо, ва ғ.) таъсир мекунанд. Манораҳоро аз рӯйи қоидаҳои умумии механикаи бинокорӣ месозанд, пеш аз сохтани Манора мустаҳкамӣ, устуворӣ ва деформатсияшавии онро ҳисоб мекунанд. «Манораи афтанда» дар Пиза (Италия, 1174-1372, баландиаш 56м), силсилаи манораҳои Кремли Москва (садаҳои 15- 17), манораи Эйфель дар Париж (1889, баландиаш қариб 300м), манораи марказии телевизионии Москва (манораи Останкино, 1961-68, баландиаш 536м) машҳуртарини ин гуна М.-ҳо мебошанд.[1]

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 352-353