Мансура Атобакӣ (форсӣ: منصوره اتابکی‎, мутахаллис ба Зуҳра (форсӣ: زهره‎); 19191984, Теҳрон) — яке аз шоирони муосир ва навозандаи сетори аҳли Эрон буд.[1]

Мансура Атобакӣ
Таърихи таваллуд: 1919
Таърихи даргузашт: 1984
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, навозанда

Зиндагинома

вироиш

Мансура Атобакӣ дар кӯдакӣ падари худро аз даст дод ва танҳо таҳти сарпарастии модараш қарор дошт. Ӯ назди Аҳмад Ибодӣ сеторро омӯхт. Мансура Атобакӣ таҳсилоти худро дар риштаи бонкдорӣ ба итмом расонд ва дар Бонки миллии Эрон кор мекард[2].

Вай аз 14 солагӣ ба сурудан шеър мепардохт. Аз соли 1330 маҷаллае ба номи «Зуҳра» низ мунташир мекард, ки ду шумора аз он бештар чоп нашуд[3]. Ашъори вай аз ҷумла шеъри «Танҳо туӣ»-и ӯ тавассути хонандагони машҳур Эрон ҳамчун Ҳоида, Ғуломҳусайни Банон ва Акбар Гулпойгонӣ хонда шудааст.[4] Ҳамчунин ин шеър тавассути Аҳмад Зоҳир хонандаи аҳли Афғонистон низ хонда шудааст.[5]

  1. قمری که خورشید شد: A Moon Became The Sun. Ketab.com (6 августи 2015).
  2. منصوره اتابکی. rasekhoon.net. 11 ноябри 2022 санҷида шуд.
  3. منصوره اتابکی (زهره)، شاعره معاصر. www.arianica.com. Arianica encyclopedia: Iran's history, art, and civilzation heritages. 21 июни 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 июни 2019.
  4. خلوت تنهایی. book.iranseda.ir.
  5. زنانگی ها در آهنگ های احمد ظاهر. khorasanzameen.net. 11 ноябри 2022 санҷида шуд.