Мансури II
Мансури II ибни Нӯҳ (997-999) ҳам дар хурдсолӣ ва замоне ба қудрат расид, ки шерозаи ҳукумати Сомониён пурра аз ҳам гусаста шуда буд. Яке аз мушкилоти Сомониён дар ин марҳила ин буд, ки вазирони онҳо бо ҳарбиёни турк ҳамеша дар ихтилоф буданд. Аз ҷумла писари Сабуктегин Маҳмуд бо дастури падараш соли 995 вазири Нӯҳи II Абдуллоҳ ибни Азизро, ки дар тасмимгириҳои амир таъсири босазо дошт, аз вазифааш барканор намуд.
форсӣ: منصور دوم | |
Таърихи даргузашт | на дертар аз 1110 |
Падар | Нӯҳи II ибни Мансур |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Саркардаҳои турк дар ин давра хӯҷаини комили мамлакат буданд. Миёни Фоиқ, Бектузун ва Маҳмуд қаламрави Сомониён тақсим мегашт ва дар давоми солҳои 998-999 онҳо чандин бор бо ҳам ҷангида, саранҷом сулҳ мекарданд. Саркардаҳои турк амири сомониро ба бозичаи дасти худ қарор додаанд ва амири нотавони сомонӣ ҳам ба ҳамаи хостаҳои онҳо розӣ гашта, ба онҳо мулку лақаб мебахшид.
Фоиқ ва Бектузун дар ҳамин ҳол метарсиданд, ки Мансури II бар зидди онҳо бо Маҳмуд созиш накунад. Аз ин рӯ январи соли 999 дар Сарахс амир Мансури II -ро дастгир карда, нобино сохтанд ва бародараш Абдумалики II-ро ба амирӣ нишониданд. Барои Маҳмуд баҳонаи муносиб пеш омад, то даст ба амалиёти ҷиддӣ занад. Ӯ Бектузунро шикаст дода, ба шаҳрҳои муҳими Хуросон соҳиб гашт ва аз тирагии муносибати Сомониён бо дастгоҳи хилофати аббосӣ истифода бурда, ба номи худ ва халифа Қодир хутба хонд ва амири Хуросон гардид. Илекхони Қарахонӣ ҳам моҳи октябри соли 999 бо баҳонаи ҳимояти хонадони сомонӣ вориди Бухоро гашта, амир ва тамоми намояндагони сомониро дастгир карда, дар шаҳри Узганд ҳабс кард. Бо ҳуҷуми дубораи Қарахониён Бухоро суқут кард ва салтанати Сомониён хотима ёфт.[1]
Адабиёт
вироиш- ↑ Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 118.