Мантуи дунбагӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Равғани дунбаро мураббашакл (1х1х1см) бурида, шакар ё наботи кӯфташуда пошида, омехта мекунанд. Дар оби гарм хамиртурушро ҳал карда, хамири сахт мешӯронанд ва зуволаҳоро бо дастархон мепӯшанду дар ҷои гарм мегузоранд, то ки хамир дам гирад. Пас зуволаҳоро ба андозаи чормағз бурида, ҳамчун кулча (ғафсиаш 3-4 мм) тунук мекунанд. Ба ҳар як кулча дунбаи ба шакар омехтаро гузошта, лӯнда ё тухмшакл манту мепечонанду дар буғ 40-45 дақиқа мепазанд. Мантуи тайёрро ба косаҳо кашида, бо ҷурғот истеъмол мекунанд.Ба рӯи он равғани гарм ё қаймоқ молида мехӯранд.[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988