Мантуи кадугӣ навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Қимаро аз каду тайёр мекунанд; кадуро нахӯдӣ карда, пиёзи реза, ҷаззаи кӯфта ё равғани дунба ва ё равғани зард меандозанд ва қаламфуру намак пошида, ба ҳам меомезанд. Давоми кор айнан ба мисли мантуи гӯштӣ идома меёбад. Мантуи кадугӣ дар 30-40 дақиқа мепазад. Ба рӯи он равғани гарм ё қаймоқ молида мехӯранд.[1]

Нигаред

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
  • Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988