Open main menu

МаорифпарварӣВироиш

Маорифпарварӣ, ин равияи ичтимоию сиёси ва адабию фарҳангист, ки зиёиёнро аз ѓафлати шахшудамондагии замони кўҳнаи феодали бедор намуда, онҳоро ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Маорифпарварӣ дар нимаи дуюми асри XIХ дар байни зиёиёни Осиёи Миёна ба миён омадааст. Пайравони ин равия бо роҳи тарѓиби ѓояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти патриархалию феодалии чамъиятии кишвари Осиёи Миёнаро барҳам зада, анъанаю маишат ва сиёсати онро таѓйир додан мехостанд. Андешаҳои Аҳмади Дониш ҳам пурра ба ҳамин маќсад равон гардида буд. Аз ҳамин сабаб Аҳмади Донишро ҳамчун яке аз саромадани равияи маорифпарварӣ на танҳо аморати Бухоро, балки кишвари Осиёи Миёна номбар мекунанд.

Як зумра шоирони номии ин давр, ба монанди: Абдулќодирхоҷаи Савдо, Ќори Раҳматуллоҳи Возеҳ, Исо Махдуми Бухороӣ, Шамсиддин Махдуми Шоҳин, Мирзоҳайити Саҳбо, Муҳаммадсиддиќ Хайрат,Тощхоҷаи Асирӣ ва дигарон пайравони А.Дониш буданд. Эчодиёти нависанда танҳо бо ҳамин доира маҳдуд нашуд. Минбаъд, яъне дар аввали аср XХ ҳам он сабабгори бедории гурўҳи сершумори зиёиёну толибилмон ва ниҳоят яке аз манбаъҳои ташаккулёбии ҳаракати чадидия гардид.[1]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.

НигаредВироиш

Пайвандҳои берунаВироиш