Марворид Қосимова (Қосимова Марворид Наимовна, русӣ: Маргарита Наимовна Касымова; зод. 10 апрели 1938, Сталинобод, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи тоҷик, шӯравӣ ва белорус, коргардони филм, филмноманавис. Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1976).

Марворид Қосимова
русӣ: Касымова Маргарита Наимовна
Ном ба ҳангоми таваллуд: Қосимова Марворид Наимовна
Таърихи таваллуд: 10 апрел 1938(1938-04-10) (85 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони филм
Корнома: 1967 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0441063

Зиндагинома вироиш

Институти давлатии умумиитифоқи кинематографияи шаҳри Маскавро соли 1962 ба итмом расонда, қариб сӣ сол дар «Тоҷикфилм» ба сифати коргардон заҳмат кашидааст.

Эҷодиёт вироиш

Ҳангоми донишҷӯӣ (соли 1959) филми ҳуҷҷатии «Қал­би яқини Помир» — ро таҳия кард, ки писанди умум афтод. Минбаъд филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиро якзайл таҳия намудааст.

Филмҳои бадеӣ вироиш

Филмҳои бадеиаш — «Тобистони соли 43-юм», «Ҷӯра-Саркор», «Роҳҳо гуногун мешаванд», «Чор нафар аз Чорсанг» (2 қисм), «Бофандадухтар», «Буд-набуд, дар синфи якум буд», «Имрӯз ва ҳамеша», «Чашмаи гуё», «Пайи динозавр куҷо мебарад?», «Марди мутааллиқи ду зан», «Ишқ баъди сад сол» дар кинои тоҷик ҷои хос доранд.

Филмҳои ҳуҷҷатӣ вироиш

Филмҳои ҳуҷҷатии «Бародари ман Ғулом», «Ибни Сино», «Зебо», «Сарчашма», «Саҳифаҳои албоми куҳна», «Кишвари ман», «Роҳи баробари умр», «Бо роҳи охирин», «Фарёд», «Роҳи сафед» ва ғайраҳо аз маҳорати баланди таҳиягариаш дарак медиҳад. Бисёр су­жа­­ҳои киножурнали ҳаҷвии «Калтак»-ро коргардонӣ кардааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфа­роз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.

Пайвандҳо вироиш