Мардони Муҳаммад - Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Мардони Муҳаммад
Мардони Муҳаммад
Таърихи таваллуд соли 1957
Зодгоҳ шаҳри Ҷарқурғон Ӯзбекистон

Зиндагинома

вироиш

Моҳи сентябри соли 1957 дар шаҳри Ҷарқурғони Ҷум- ҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Университети давлатии Тоҷикистон ба номиВ.И.Ленин (ДМТ)-ро бо ихтисоси журналист хатмнамудааст. Фаъолияти кориашро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ба сифати мухбир оғоз кардааст. Солҳои 1982-1984 ҳамчун тарҷумони Созмони ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон фаъолият дошт. Чанд муддат мудири бахши адабии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов низ буд. Баъд (соли 1991) ба рӯзномаи «Садои мардум»-нашрияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маҷлиси Олии Ҷум- ҳурии Тоҷикистон) ба сифати хабарнигор ба кор гузашт ва то соли 1993 кор кард. Соли 1994 дар курсҳои кӯтоҳмуддати Донишгоҳи Лондон таҳсил карда, дар мавзӯи «Вазъи расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон» рисолаи дипломӣ ҳимоя намудааст. Аз моҳи майи соли 1994 то ба ҳол хабарнигори бахши форсии радиои ВВС (Би-би-си) дар Тоҷикистон мебошад.[1]