Мардон Ҳамроқулович Мавлонов (Тав.11.03.1963, шаҳри Самарқанд) — сароянда. «Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон» (2000).

Мардон Мавлонов
Таърихи таваллуд 11 март 1963(1963-03-11) (61 сол)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Солҳои фаъолият 1985 — то ҳол
Кишвар  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Ӯзбекистон
Пеша(ҳо) сароянда
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2000)

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Омӯз. санъати ш. Самарқанд (1984). Камтар аз як сол яккахони Филармонияи ш. Самарқанд будааст. С. 1985 ансамбли «Таронаҳои Самарқанд»-ро таъсис додааст. Дар Тоҷикистон ҳанӯз аввали солҳои ҳаштодуми асри ХХ алоқамандони зиёд пайдо кард. Бисёр таронаҳояш сурудҳои мардумӣ шудаанд. Ифодагари фарҳанги воло ва ҳунари асили тоҷикии Самарқанд гардида, сурудҳои мавсимӣ ва маросимии тоҷикони Самарқанду Бухороро ба дараҷаи олӣ иҷро мекардагӣ шудааст.[1]

Эҷодиёт

вироиш

Ӯ бо таронаҳои марғубаш аз қабили «Санаме», «Тӯёна», «Хандиданош», «Асирам ман», «Тӯтихон», «Чак-чак», «Қадат дар дилам», «Хобам намебарад», «Аз шаҳри Самарқанд», «Духтарони Самарқанд», «Аҷоибот», «Ай модар», «Ҷавониам», «Ларзон- ларзон», «Куртачакан», «Салом, азизам», «Раққоса» ва ғ. дили сомеонашро тасхир намудааст. Хидматҳояш бо чандин Диплому Грам. Фахрии соҳавӣ қадр карда шудааст.[2]

  1. OʻzME. Birinchi jild. Toshkent, 2000-yil
  2. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6