Маржа — маънои умумии фарқи ду нишондод мебошад. Дар савдо фарқи байни нархи моли харидашуда ва фурӯхташударо ифода менамояд. Дар фаъолияти бонкӣ маржа фарқи байни ставкаи қарзи ҷалбкардашуда ва пешниҳодгардида ё маблағи пулии таъминотие, ки қарз дар асоси он дода мешавад ва маблағи қарзи пардохтшуда, инчунин фарқи қурби харид ва фурӯши асъори хориҷӣ аз тарафи бонкро ифода менамояд. Дар амалиёти мӯҳлатноки фонди маржа фарқи байни қурби қогазҳои қиматнок дар рӯзи бастан ва рӯзи иҷрои аҳдҳои мӯҳлатнокро ифода менамояд.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 277