Маркази Барқии Гармидиҳии Душанбе

Маркази Барқии Гармидиҳии ш. Душанбе — дар чор давра – аз солҳои 1953 то 1968 тибқи лоиҳаи таҳия намудаи институти «Промпроект»-и шаҳри Киев сохта шудааст. Нақшаи Гармидиҳии МБГ ш. Душанбе бо алоқаи кундаланг (поперечными) иҷро карда шуда дар корҳои ғарғаравӣ бо турбогенератор ба ҷудонамоӣ роҳ медиҳад. Ба сифати сӯзишвории асосӣ дар МБГ гази табии воридотӣ, ки ба марказ аз қубурҳои газдиҳи ба воситаи ГРП интиқол мегардад, истифода бурда мешавад.

Ба сифати сӯзишвории эхтиётӣ мазути камсулфат истифода мешавад. Барои қабул ва нигоҳдошти он 6 зарфи рӯизамини (мазутных баков) бо ғунҷоиши умумии 24 ҳазор м3 (3х3000 + 3х5000) мавҷуд аст. Мазутро ба воситаи роҳи оҳан ба МБГ медиҳанд ва он ба зарф бо воситаи эстакада мерезад.

Интиқоли нерӯи барқ ба системаи энергетикии Тоҷикистон бо 4 трансформатори қудратӣ (30,5 МВА, 40,5 МВА, 80 МВА, 125 МВА) ба воситаи ДТК (ОРУ) -110 кВт ва шаш ХИБ-110 кВт хориҷшаванда амалӣ карда мешавад.

Сарчашма

вироиш