Марғузор
Марғзор (Марғузор) — кӯлест дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳи Ҳисор, дар водии қисми болооби дарёи Шинг шохоби рости дарёи Моғиён, Ҳавзаи Зарафшон воқеъ гаштааст. Баландии кӯл 2139 м аз сатҳи баҳр буда, масоҳати сатҳи кӯл 1,16 км тӯлаш 2650 м, бараш ба ҳисоби миёна 423 м, ҷойи аз ҳама чуқураш 46,7 м буда, ҳаҷми об 29 млн. м мебошад. Манбаи асосии кӯл оби дарёчаест, ки аз кӯли Ҳазорчашма 2 км болотар аз Марғзор ҷорист. Ғайр аз он ба кӯл боз 4 дарёча мерезад, ки манбаи онҳо чашмаҳои кӯҳӣ мебошанд. Кӯли Марғзор дар натиҷаи канда шудани кӯҳпора ва банд шудани маҷрои Шинг ба вуҷуд омадааст.[1]
Макон | |
---|---|
Кишвар | |
Минтақа | Вилояти Суғд |
Шоҳидон мегуянд, ки дар гузашта сатҳи об боз ҳам баландтар будааст ва аз сабаби боло шудан аз дарғот сатҳи он 25 метр коҳиш ёфтааст. Дар аёми баҳору тобистон гирду атрофии он аз ҳисоби гулу гиёҳҳо кабуди кабуд мешавад, аз ин хотир онро Марғзор номидаанд. Ҷои писандидаи сайёҳон аст. Мардум дар болои он деҳаи Оби ҳаёт ва канораш деҳаи Чакиро обод кардаанд. Аз ин кӯл пулакчамоҳи шикор кардан мумкин аст.[2]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Ҳомидов Д.Р. Таҳқиқи забоншиносии гидронимҳои мавзеъҳои таърихии тоҷикнишин/Рисолаи докт. илми филол. — Душанбе, 2018. — С. 123-124. — 470 с. (тоҷ.)
- ↑ ТОҶИКИСТОН АЗ АФЛОК АСТ»/ТВ "Сафина". 29 июли 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2016.