Мастона Каримова
Мастона Дилбаровна Каримова (тав. 09.11.1976, деҳаи Сасиқбулоқ, н. Лахш) — забоншинос, номзади илмҳои филология (2019), дотсент (2021),
Мастона Дилбаровна Каримова | |
Таърихи таваллуд | 9 ноябр 1976 (47 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Лахш |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Зиндагинома
вироишМастона Каримова хатмкардаи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2010), сармутахассиси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ (2011-2012), аз соли 2013 инҷониб дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аввал ба сифати ассистент ва сипас муаллими калон (2016) ва дотсент (2021) фаъолият дорад.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 2018 дар мавзуи “Ташаккул ва инкишофи лексикаи лаҳҷа дар шароити дузабонӣ (дар асоси маводи лексикаи лаҳҷаи тоҷикони н. Лахш)» зери роҳбарии доктори илми филология, узви вобастаи Академияи милли илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода С. Р. рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст. Аъзои гурӯҳи корӣ оид ба баррасии Феҳристи номгузории объектҳои ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021) буда, ҳамчун тарҷумон (тарҷумони забони қирғизӣ) дар сохторҳои гуногуни ҷомеа саҳми назаррас дорад. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмию методӣ мебошад.
Осор
вироиш- Таркиби луғавии лаҳҷаи Лахш // Ахбори Академияи Тоҷикистон.№1. Д., 2018. С. 95-98;
- Калимаҳои умумихалқӣ дар минтақаи Лахш // Суханшиносӣ. №1. Д., 2018. С. 120-123;
- Калимаҳои хоси лаҳҷаи Лахш //Муҳаққиқ. №23/40. Д., 2018. С.128-131;
- Масъалаҳои дузабонӣ дар шароити бисёрзабонӣ (Дастури таълимӣ). Д., 2020.