Масунияти консулӣ
Масунияти консулӣ — дар муносибати шахсони мансабдори консулӣ, аъзои оилаи онҳо, инчунин амволи онҳо истифода набурдани чораҳои маҷбурии судӣ, маъмурӣ ва андозии мақомотҳои давлати мавқеъгирифта ифода меёбад. Дар асоси Конвенсияи Вена оид ба муносибати консулӣ аз соли 1963 манзиле, ки муассисаи консулӣ дар он қарор дорад, бойгонй, ҳуҷҷатҳо ва муқотибаи расмии муассисаи консулӣ дахлнопазиранд. Шахсони мансабдори консулӣ мӯҷиби ҳабс кардан, ҳабси пешакӣ нестанд, ба истиснои қарори суд дар ҳолати содир намудани ҷиноятҳои вазнин. Сардори муассисаи консулӣ аз масуниятҳои ба агенти дипломатӣ монанд истифода мебарад.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 278-279
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |