Масъудии Марвазӣ
Масъудии Марвазӣ (форсӣ: مسعودی مروزی; қарни IX — қарни X) — шоири достонсаро ва қасидасарои аҳли Мовароуннаҳру Хуросон, нахустин гӯяндаи «Шоҳнома»-и манзум.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишМасъудии Марвазӣ яке аз шоирони охири қарни саввум ва авали қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ аст, ки иттилооти ночизе аз ӯ дар даст дорем. Масъудии Марвазӣ дар охири асри IX ва аввали асри Х зиндагӣ карда, аввалин гӯяндаи «Шоҳнома»-и манзум буд ва таълифи онро андаке пештар ё баъдтар аз ҳудуди соли 300 ҳиҷрӣ (912—913 милодӣ) анҷом додааст. Аз «Шоҳнома»-и Масъудии Марвазӣ як пораи чаҳормисраӣ ва як байти алоҳида боқӣ мондааст. Пораи чаҳормисраӣ марбут ба подшоҳии Каюмарс ва байт мутааллиқ ба давраи Сосониён мебошад.
Намунаи осор
вироишНахустин Каюмарс омад ба шоҳӣ,
Гирифташ ба гетӣ - дарун пешгоҳе.
Чу сӣ соле ба гетӣ подшо буд,
Ки фармонаш ба ҳар ҷое раво буд.
Сипаррӣ шуд замони хусравоно,
Ки номи хеш ронданд дар ҷаҳоно.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Таърихи адабиёт дар Эрон. Забебуллоҳ Сафо. ҷ. 1; с. 369—371
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. — Сталинобод, 1958:
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. — Душанбе: Адиб, 2007;