Масъулияти субсидиарӣ

Масъулияти субсидиарӣ — яке аз навъҳои ҷавобгарии шаҳрвандист (гражданист), масъулияти иловагии шахсоне мебошад, ки ҳамроҳ бо қарздор дар назди кредитор (қарздиҳанда) барои иҷрои матлуби ӯҳдадорие, ки дар қонун ва ё шартнома пешбинй шудаанд, доранд. Мувофиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ширкати комил аз рӯи ӯхдадориҳои ширкат ва аъзои кооперативи матлубот аз рӯи ӯҳдадорихо дар ҳудуди ҳиссаи вориднашудаи аъзоҳаққии иловагии ҳар як узви кооператив, соҳибмулки амвол аз рӯи ӯхдадории муассиса хангоми камомади амвол масъулияти субсидиарӣ ба ӯхда мегиранд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 279