Модда (фалсафа)

(Тағйири масир аз Материя)

Модда (ар. مادة‎), материя (лот. materia) — дар фалсафа ҳама чизе ки инсонро иҳота мекунад.

Мафҳуми модда аз дунёи қадим то имрӯз таърифу таъбирҳои гуногунро гирифтааст. Имрӯз назди аксари моддагароён модда ҳамчун мақулаи фалсафии муродифи ҳастӣ дорои чунин таъриф аст: “Модда воқеияти айниест, ки новобаста аз шуури инсон вуҷуд дорад ва таввасути он шуур инъкос мешавад”.

Хосиятан модда ҳақиқате аст, ки ҳамеша дорои чаҳор ченак: дарозӣ, паҳноӣ, баландӣ ва вазни хоса буда, ҳамеша дар ҳоли тағйир аст. Азбаски инсон дар оғоз дунболи ҷустуҷӯи нахуст асли ҳастӣ, ки ҳама олам аз он бошад, мегашгааст, нахустин назариёти фалсафӣ хусусияти моддият доштаанд. Дар фалсафаи юнонӣ намояндагони мактаби табииён дар асоси мушоҳидоти табиатшиносии соддалавҳона ва ташбеҳоти образнок ба чунин натиҷа расида, ки як ё якчанд унсури табиат нахустмабдаи олам аст. Чунон ки Фалес оғози ҳамаи ашёро об медонист, Анаксимандр – апейрон, Анаксимен – ҳаво, Гераклит – оташ, Демокрит ва Эпикур – атом ва Эмпедокл бошад асли ашёро чаҳор унсур: об, ҳаво, оташ ва хок медонад ва ба онҳо ду нерӯи муҳаррик муҳаббат ва адоватро меафзояд. Мумкин аст мақсуди ин файласуф аз муҳаббат ва адоват қувваи ҷозиба ва дофиъа бошад, ки аз хосиятҳои моддаи нахустин аст[1].

Шарҳу баёни моҳият ва сохтори ҳастӣ дар таърихи фалсафа ҳадди ақал аз мавқеҳои зерин будааст:

  1. Моддияти ҷавҳарӣ (субстанционалӣ);
  2. Идеализми ҷавҳарӣ;
  3. Назарияи мобайнии Арасту;
  4. Материализми метафизикӣ;
  5. Материализми диалектикӣ.

Дар давраҳои гуногуни инкишофи маърифати илмӣ тасвирҳои гунонгуни модда ба вуҷуд омаданд, ки маъруфтарини онҳо иборатанд:

  • тасвири атомисгӣ (Демокрит);
  • тасвири эфирӣ (Декарт);
  • тасвири ашёӣ (Голбах).