Матни қонун
Матни қонун — ифодаи зоҳирии мазмуни қонун мебошад. Матни қонун аз номи қонун, муқаддима, фаслҳо, бобҳо, моддаҳо, қисмҳои моддаҳо, бандҳо, зарбандҳо, сархатҳо иборат буда метавонад. Дар матни қонун инчунин шакли санад (Конститутсия, қонуни конститутсионӣ, қонун, кодекс), ишора ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (давлати Тоҷикистон), имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сана, ҷои қабули қонун ва рақами қайди он, муҳри Президент ҷой карда мешаванд. Матни қонун метавонад, дорои эзоҳот ва замима бошад. Эзоҳот дар ҳолати зарурӣ барои аниқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона истифода бурда мешавад. Агар дар қонун ҷадвалҳо, суратҳо, харитаҳо, феҳристҳо, нақшаҳо оварда шаванд, онҳо ба қонун замима карда мешаванд.[1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 279
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |