Мафҳумҳои ҳуқуқӣ — як шакли тафаккури ҳуқуқӣ мебошанд, ки аломатҳои муҳимтарин ва фарқкунандаи ашё ё ҳодисаҳои олами ҳуқуқиву давлатӣ ва ҷараёни тафаккурро инъикос менамоянд.

Маҷмӯи мафҳумҳои ҳуқуқӣ назарияи (илми) ҳуқуқшиносиро ташкил медиҳад. Онҳо як намуди мафҳумҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, якҷоя ва чун ҷузъи таърихи (амалияи) ҳуқуқу давлат ҷараёни таҳаввулу инкишофи хешро мегузаронанд. Мафҳумҳои ҳуқуқӣ якҷоя бо пешрафти ҷомеаи инсонӣ такмил меёбанд. Онҳо бояд воқеияти иҷтимоиро дурусту объективӣ инъикос намоянд. Мафҳумҳои давлат, ҳуқуқ, демократия, қонун ва ғайра, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим истифода мешуданд, имрӯз мазмуни нав пайдо намудаанд. Илми ҳуқуқшиносии ҷаҳонӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон ҳоло дорои мафҳумҳоест, ки аз талаботи замони нав бармеоянд, аз қабили қонунияти ҳуқуқӣ, қонуни ҳуқукӣ, ҳуқуқҳои инсон ва монанди инҳо. Мафҳумҳои ҳуқуқӣ бо ҳуқуқу давлат алоқаманд буда, шакли ииъикоси ҳодисаҳои ҳуқуқиву давлатианд. Бисёре аз онҳо дар қонунгузорӣ исгифода мешаванд ва барои танзими ҳуқуқӣ хидмат мекунанд.

Мафҳумҳои ҳукукӣ вобаста ба соҳаҳои амал ба умумиҳуқуқӣ (ҳуқуқ, давлат, муиосибатҳои ҳукуқӣ, қонун, қонуният ва м.и.), байнисоҳавӣ (кирдор, ҷазо, ҷавобгарии моддӣ ва м.и.), соҳавӣ (айбдоршаванда, гумонбар, аҳд ва м.и) ҷудо мешаванд.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 280-281