Боқиев Махсуд Иноятуллоевич (зод. 20.10. 1954, Хуҷанд) — муаррихи тоҷик, доктори илмҳои таърих (2000), профессор (2002), академики Академияи байналмилалии антропологияи интегративӣ (2002) ва Академияи омӯзгории Федератсияи Русия (2003).

Махсуд Боқиев

Зиндагинома

вироиш

Ёвари муовини аввали раиси Комиҷроияи вилояти Ленинобод (1978-89), дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод (ДДОЛ; 1989-92), мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва Маркази илмии АИ Тоҷикистон (1992-97), ноиби директори филиали Донишгоҳи муосири Маскав дар шаҳри Хуҷанд (1998—2001), директори филиали Донишгоҳи нави Руссия дар Тоҷикистон (2001-09), директори донишгоҳи мазкур дар Қирғизистон (аз 2009 то ҳоло). Асосан ба таҳқиқи масоили ҷунбишҳои маорифпарварӣ ва озодандешии мардуми Осиёи Марказӣ ва равшанфикрони Хуҷанд дар охири асри 19 — ибтидои асри 20 машғул буда, бештар аз 50 асару мақола ба табъ расондааст.

  • Общественно-политическая мысль и идейная борьба в Туркестане в конце 19-нач 20 в. Д., 1992;
  • История и художественный образ. Х., 1997;
  • Из истории вольнодумия народов центральной Азии. Х., 2003;
  • Фитрат — таджикский просветитель. Х., 2005.

Адабиёт

вироиш
  • Боқиев Махсуд Иноятуллоевич / М. Ғозиева // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.