Махсум Олимӣ
Махсум Олимӣ (5 октябр 1956, Каздон, вилояти Суғд — 24 октябр 1992, Душанбе) — рӯзноманигор ва шоири тоҷик.
Таърихи таваллуд: | 5 октябр 1956 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 24 октябр 1992 (36 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | рӯзноманигор, шоир |
Зиндагинома
вироишМахсум Олимӣ 5-умм октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст[1]. Соли 1974 мактаби миёнаи № 5 деҳаи Дарғро тамом карда, ба Техникуми энергетикии Қӯрғонтеппа дохил шуда, соли 1978 бо дипломи аъло хатмаш кардааст. Солҳои 1975—1977 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хизмати аскарӣ кардааст. Соли 1979 ба Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Москав) дохил шуда, соли 1983 ба итмом расондааст.
Баъдан фаъолияти эҷодии мавсуф дар нашриёти «Ирфон» ва Радиои тоҷик идома ёфтааст. Сипас, то вопасин маҳзаҳои ҳаёт, дар Осорхонаи миллии Беҳзод ба сифати ходими калони илмӣ ифои вазифа намудааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъори шоир «Бӯйи умед» соли 1985 ба дасти хонандагон расидааст. Соли 2013 мунтахаби ашъораш бо номи «Парвози нотамом» нашр гардид.
Соли 1992 дар шаҳри Душанбе ҳадафи тири нохалафон шуд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ ОЛИМӢ МАХСУМ. ИНТ. 27 Январ 2024 санҷида шуд.