Маъруф ад-Даволибӣ ( ар. معروف الدواليبي29 марти 1909, тибқи сарчашмаҳои дигар: 1907, Ҳалаб - 15 январи 2004, Арабистони Саудӣ ) — сиёсатмадори Сурия, сарвазири Сурия аз 28 ноябри 1951 то 29 ноябри 1951 ва 22 декабри соли 1961 то 28 марти соли 1962.

Маъруф Даволибӣ
Таваллуд 29 март 1909(1909-03-29)
Даргузашт 15 январ 2004(2004-01-15) (94 сол)
Мадфан
Ҳизб

Зиндагинома

вироиш

28 ноябри соли 1951 бори аввал сарвазири Сурия шуд. Аммо вақте ки ӯ аз қабули вазири собиқи дифоъ Фавзӣ Селу ба ҳукумат сарпечӣ кард, ӯ 29 ноябри соли 1951 бо фармони Адиб аш-Шишаклӣ боздошт шуд. Президент Ҳошим Бей Холид Ал-Атосӣ ба нишони эътироз истеъфо дод.

Дар натиҷаи интихоботи соли 1961 вай 22 декабр боз сарвазири Сурия шуд ва дар як вақт вазифаи вазири корҳои хориҷиро ба зимма гирифт. Аммо аллакай 28 марти соли 1962 дар натиҷаи табаддулоти ҳарбӣ аз вазифа дур карда шуд.

8 марти соли 1963 бо сабабҳои сиёсй ба ҳабс гирифта шуд. Чанд моҳ дар зиндон монд. Пас аз озод шудан ба Лубнон ва баъдан ба Арабистони Саудӣ рафт.