Мулло Муҳаммад Ширин Мағрибии Табрезӣ (форсӣ: ملا محمد شیرین مغربی تبریزی[1]; 1349, Табрез1408) — шоир, нависанда, ориф ва сӯфии форс-тоҷик.

Мағрибии Табрезӣ
Таърихи таваллуд: 1349
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1408
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мағрибии Табрезӣ дар Ноҳини Исфаҳон зоида шудааст. Вале бештар умри худро дар Табрез гузаронда бо Камоли Хуҷандӣ дӯстӣ доштааст. Ӯ соли 1405 ё 1407 (807 ё 809 ҳиҷрӣ) вафот кардааст. Кабраш дар Истаҳбоноти Форс аст.

Зиндагинома

вироиш

Магриби аз худ девони комиле боки гузоштааст, ки дар он ашьори ба ду забон (араби ва форси) сурудаи ӯ чой дода шудаанд Девони шоир соли 1336 х. дар Техрон ба чоп расидааст, ки асосан қасидаву газал, тарҷеот ва рубоиро фаро мегирад. Мавзӯи асосии ашъори Мағрибӣ баёни тасаввуфи орифона буда, ҳолатҳои рӯҳонӣ ва бозҷустҳои шоирро фаро мегиранд. Аз мазмуни ғазалиёти шоир бармеояд, ки ӯ яке аз соликони роҳи ҳақ ва толибони ишқи Худованд буда, дар ин ҷода тавассути риёзат кашидан ва буридан аз тааллуқоти дунёӣ ба кашфи шуҳуд муяссар гардидааст.

Хуррамтарабу нишоту айшоғозам,
Худро ба хароботи муғон андозам,
З-он ҷо ба қиморхона роҳе созам,
То ҳар чӣ маро ҳаст ба кул дарбозам.

Дар истилоҳи сӯфия май, бода, шароб ба маънии ишқи Худованд меояд, ки дар натиҷаи баҳравар гаштан аз он солики роҳи ҳақ масти ишқу ҷамоли маъшуқ, яъне Худованд мегардад. Дар ашъори Мағрибӣ истилоҳоти сӯфия зиёда ба кор рафта, дар баёни холатҳои руҳонии шоир хидмат кардаанд. Масалан, дар ғазали зер ин матлаб ба рӯшанӣ пайдост:

  1. گنجور » شمس مغربی. ganjoor.net. 9 апрели 2024 санҷида шуд.