Мақбараи Хоҷаи Ҳотам

(Тағйири масир аз Мақбараи Ҳоҷӣ Ҳотами Асам)

Мақбараи Хоҷаи Ҳотам — ёдгории меъмории асри XVI Абдурраҳмон Ҳотам ибни Юсуфи Балхӣ (асри IX), ки бо тахаллуси Асам машҳур аст, донишманд ва фақеҳи машҳури дини ислом.

Мақбараи Хоҷаи Ҳотам

Мақбара дар канори мавзеи Қалъаи Сангин, дар масоҳати 1,5 км аз деҳаи Дарагиёни ноҳияи Файзобод воқеъ гардидааст. Дар асри XVI аз хишти пухта бунёд гардидааст. Аз ду ҳуҷра иборат аст. Яктояш қариб пурра вайрон шудаю аз дигараш танҳо девори харобгардида боқӣ монда буд. Дар охири асри XX мақбара пурра таъмиру тармим гардид[1].

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 350

Адабиёт вироиш

  • Муқимов Р., Сабзов У. Архитектурные памятники Гиссарской долины. — Душанбе, 2014.