Мақомоти манзум
Мақомоти манзум – мусиқидононе, ки табъи шеъргӯӣ, салиқаи хуби шеърфаҳмӣ доранд, шоироне, ки мусиқӣ ва таркиботи онро дарк менамуданд, 12-мақом, 6-овоза, 24-шӯъбаро ба шеър адо мекарданд. Масалан, дар ин замина Кавкабии Бухороӣ (ваф. 1535) «Рисола дар баёни дувоздаҳмақом», «Назми дувоздаҳмақом»-ро ба назм навишта, махсусиёти мақомҳоро бисёр рангин ба қалам овардааст:
- Илми мусиқӣ ар ҳамедонӣ,
- Субҳдам бар «Раҳовӣ» соз.
- Бисоз пардаи «Ҳусайнӣ»-ро
- Кун ба вақти тулӯъи субҳ оғоз
- Чун сари найза гашт офтоб баланд,
- Пардаи хуб «Рост»-ро бинвоз.
- Ба гаҳи чошт «Бусалик» гузин,
- Пас ба шодию лаҳв сар бифароз...
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фарҳанги форсӣ. – Теҳрон, 1961;
- Фарҳанги Амид. – Теҳрон, 1966;
- Фарҳанги Деҳхудо. – Теҳрон, 1377;
- Номномаи мусиқии Эронзамин. – Теҳрон, 1376.[1]
- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 136 ISBN 978-99947-49-13-3