Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо
Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо — ҳокимияти иҷроияро дар маҳалл намояндаи Президент - Раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия амалӣ мегардонад. Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурии марзӣ Раис сарварӣ мекунад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлисони вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор масъул аст. Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти ҳокимияти маҳаллиро Қонуни конститутсионӣ танзим менамояд. Мақомоти намояндагӣ ва Раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар қаламрав ҳатмист. Дар сурати ба Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва Раис онҳо аз тарафи мақомоти болой ва ё суд бекор карда мешаванд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 273
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |