Маҳастии Ганҷавӣ
Маҳастии Ганҷавӣ (форсӣ: مهستی گنجوی; 12 май 1089, Ганҷа[2] — тақрибан 1181[1], Ганҷа) — шоири форсисарои садаи панҷум ва шашуми ҳиҷрӣ, ки пас аз Хайём, барҷастатарин рубоисарои тоҷик ба шумор меояд ва ӯро поягузори мактаби шаҳрошӯб дар қолаб рубоӣ медонанд.
Таърихи таваллуд: | 12 май 1089 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | тақрибан 1181[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, муаллима, нависанда |
Забони осор: | форсӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишЗодгоҳи Маҳастӣ шаҳри Ганҷа будааст ва ҳамдавра бо Ғазнавиён буд. Рашиди Ёсимӣ муътақид буд, ки «Меҳастӣ» муташаккил аз ду калима «меҳ» ба маънии бузург ва «сати» ба маънии хонум буда ва ҷамъан ин калима ба маънии «хонумбузург» аст. Дар чаҳорсолагӣ падараш ӯро ба мактабхона фиристод ва чун истеъдоди саршор дошт дар даҳсолагӣ бо адаб зани донишманд берун омад.Ӯ чангу уд ва торро ба зебоӣ менавохт. Шӯҳрати ӯ бештар ба хотири рубоиёташ аст. Вай дар сурудаҳояш зани фитнагар ва зебо будааст, ки ушоқи фаровоне дошта, аз ҷумла Амир Аҳмад Тоҷиддин бинни Хатиб, ки фарзанди хатиби Ганҷа буда ва оыибат ба аыди ӯ дармеояд. Ибни Хатиб монанди ҳамсараш табъи шеър дошта ва рубоиёте низ аз ӯ боқӣ мондааст. Аз зиндагии Маҳастӣ огаҳии чандоне дар даст нест. Ва ончи ҳаст ақволи тазкиранависоне чун Давлатшоҳи Самарқандӣ, Амин Аҳмади Розӣ ва Озари Бегдилӣ аст, ки ҳама нақл аз якдигар ва омехта ба афсонагароӣ ва достонҳое сохтагӣ аст. Девони ашъори ӯ низ ба ҷой намонда ва рубоиҳое ба номи ӯ дар «Назҳулмаҷолис», «Мунисулаҳрор» ва маҷмуаҳову тазкираҳо ба даст омадааст. Дар ҳеч аз манобеъи кеҳин, замони мушаххаси валодату марги Маҳастӣ ба даст дода нашуда, бо ин ҳама бархе аз муосирон, валодати вайро 490 ва маргашро 577 ҳ.қ зикр кардаанд.
Мероси адабӣ
вироишИмрӯз аз Маҳастӣ, девоне бар ҷой намондааст; девоне аз вай то авали ыарни даҳум дар Ҳирот барҷой буда, ки дар ҳамлаи Убайдуллохони узбек ба Ҳирот аз байн рафтааст ва танҳо ашъори парокандае аз ӯ дар китобҳои қадим боқӣ мондааст.(https://fa.wikipedia.org)
Намунаи осор:
Моро ба дами пирӣ нигаҳ натвон дошт,
Дар ҳуҷраи дилгир нигаҳ натвон дошт.
Онро, ки сари зулф чун занҷир аст,
Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.
***
Дӯшина шабам буд шабеҳи ялдо,
Он муниси ғамхор н-омад умедо.
Шаб то ба саҳар зи дида зар месуфтам,
Мегуфтам раб лотазарнӣ фардо.
***
Он рӯз, ки маркаби фалак зин карданд,
Ороиши муштариву парвин карданд.
Ин буд насиби мо зи девони қазо,
Моро чи гунаҳ қисмати мо ин карданд.
***
Дар тоси фалак нақши қазову қадар аст,
Мушкил гиреҳест, халқ аз ин бехабар аст.
Пиндор мадор к-ин гиреҳ бикшоӣ,
Донистани ин гиреҳ ба қадри башар аст (www.ganjoor.net)
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Swartz A. Open Library (ингл.) — 2007.
- ↑ 2.0 2.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #142467340 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
вироиш- Ҳусайнов, Рафаэл. Gəncəvi Маҳастии Ганҷавӣ(пайванди дастнорас) : Партра-китоб / Р. Ҳусайнов; мутарҷим Ш. Сӯфиев; тарроҳ К. Ҳошимова; наққош С. Шотикев ; Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон. — Боку : Интишороти «Шарқ-Ғарб», 2014. — 128 саҳ.