Маҳбуба Бобомуродова

Маҳбуба Умриевна Бобомуродова (тав. 29.09.1959, ш. Панҷакент) — филолог-методист, омӯзгор, номзади илмҳои филология (2012)

Маҳбуба Бобомуродова
Маҳбуба Умриевна Бобомуродова
Таърихи таваллуд 29 сентябр 1959(1959-09-29) (65 сол)
Зодгоҳ Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Маҳбуба Умриевна Бобомуродова хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1984). Аз соли 1984 то 1994 дар мактаби миёнаи рақами 19-и н. Бохтар (ҳоло Кушониён) муаллими забон ва адабиёти тоҷик шуда кор кардааст. Аз соли 1997 то соли 2006 дар коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент муаллими забон ва адабиёти тоҷик шуда фаъолият намудааст. Солҳои 2006-2010 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 2010-2015 дар ДДЗТ ба номи С. Улуғзода ва аз соли 2015 то ҳол дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ба ҳайси дотсент дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар мавзуи «Таҳқиқи этнолингвистии лексикаи ороиши занон дар забони тоҷикӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

  • Забони адабии муосири тоҷик (бахши лексикология). Д., 2020,
  • Таълими баъзе масъалаҳои душвори фонетика ва имлои забони тоҷикӣ. Д. 2020,
  • Забони адабии муосири тоҷик (Фонетика). Д., 2020.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ