Маҳдӣ Ахавони Солис

Ахавóни Солис Маҳдӣ (форсӣ: مهدی اخوان ثالث‎; 1928[1], Машҳад, Устони Хуросон26 август 1990[2], Теҳрон) — шоири эронӣ.

Маҳдӣ Ахавони Солис
Таърихи таваллуд: 1928[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 26 август 1990(1990-08-26)[2]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, қиссанавис
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ҳунаристони фан­ниро хатм кардааст. Дар рустоҳо муаллим, мудири дабистон буд. Бо матбуот, радио ва телевизион, Бунёди фарҳанги Эрон ҳамкорӣ мекард, вале машғулияти доимиаш сурудани шеър буд. Бо тахаллуси «М. Умед» шеър мегуфт.

Эҷодиёт

вироиш

Маҷмӯаи нахустинаш «Арғанун» (1951). Баъдан, маҷмӯаҳои ашъораш — «Зимистон» (1957), «Охири Шоҳнома» (1959), «Аз ин Авесто» (1965), «Шикор» (1966), «Поиз дар зиндон», «Беҳтарин умеду ошиқонаҳо ва кабуд» (ҳар ду 1969), «Баргузидаи ашъор» (1970) ва ғайра ба табъ расиданд. Чанде аз осори арӯзшиносони арабро ба форсӣ тарҷума ва чоп кардааст. Роҷеъ ба сабки Нимо Юшиҷ бо номҳои «Бидъатҳо ва бадоеи Нимо Юшиҷ», «Шеваи нави нимоӣ дар шеъри форсӣ» рисолаҳо нигоштааст.

Ахавони Солис дар ибтидои роҳи эҷод ба сабки хуросонӣ, шеъри суннатӣ, гароише дошт, баъдан ба сабки нимоӣ рӯй овард. Дар даврони камолоти эҷодӣ дар навиштаҳояш то андозае бозгашт ба сабки хуросонӣ бо омезиш ба сабки нимоӣ ба назар мерасад. Ахавони Солис шеъри суннатии форсии тоҷикиро бо «шеъри нави нимоӣ» оштӣ дода, дар ин ҷода сабки хешро ба вуҷуд овардааст. Дар ашъори дар пайравӣ аз «шеъри нав» гуфтааш мавзӯъ ва мазмунҳои иҷтимоӣ, образу истиороти маҷозии сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавқеи муҳим доранд. Як ҷиҳати басе ҷолиб дар эҷодиёти Ахавони Солис ҳунари шоирии ӯ корбурди бамавқеи вожаҳо, забони форсиро хуб донистанаш мебошад.

Ахавони Солис дар байни шоирони муосири тоҷик пайравон дорад; дар саҳифаҳои матбуот шеърҳояш ба табъ расидаанд. Баъзе шеърҳояшро ҳофизони тоҷик ба оҳанг дароварда мехонанд (шеъри «Ҳамин аз ғам на танҳо чашми хунполои ман гиряд» дар иҷрои Ҷӯрабек Муродов).

Намунаи шеър

вироиш

Саломатро намехоҳанд посух гуфт

Сарҳо дар гиребонаст

Касе сар барнаёрад кард посух гуфтану дидори ёронро

Нигаҳ, ҷуз пеши поро дид натвонад

Ки раҳ, торику лағзонаст

Вагар дасти муҳаббат, сӯии кас ёзӣ

Ба икроҳ оварад даст аз бағал берун

Ки сармо, сахт сӯзонаст

Нафас каз гармгоҳи сина меояд бурун, абрӣ шавад торик

Чу девор, истад... дар пеши чашмонат

Нафас кинаст, пас дигар чи дорӣ чашм?

Зи чашми дӯстони дур ё наздик

Масеҳои ҷавонмарди ман эй тарсои пири перҳанчиркин

Ҳаво, бас ноҷавонмардона сард аст…ой…

Дамат гарму сарат хуш бод

Саломамро ту посух гӯй, дар бугшоӣ!

Манам ман, миҳмони ҳар шабат, лӯливаши мағмум

Манам ман, санги типохӯрдаи ранҷур

Манам, душноми пасти офариниш, нағмаи ноҷӯр

На аз Рӯмам, на аз Зангам, ҳамон биранги бирангам

Биё бугшоӣ дар, бугшоӣ, дилтангам

Ҳарифо! мизбоно, миҳмони солу моҳат, пушти дар чун мавҷ меларзад.

Тагарге нест, марге нест...

Садое гар шунидӣ, суҳбати сармоу дандонаст.

Ман имшаб, омадастам вом бугзорам...

Ҳисобатро канори ҷом бугзорам...

Ча мегуе: ки бегаҳ шуд.. саҳар шуд... бомдод омад?

Фиребат медиҳад, бар осмон... ин сурхии баъд аз саҳаргаҳ нест...

Ҳарифо! гӯши сармобурдааст ин, ёдгори силии сарди зимистонаст

Ва қандили сипеҳри танг-майдон, мурда ё зинда,

Ба тобути ситабри зулмати нуҳтӯии маргандӯд, пинҳонаст

Ҳарифо! рав! чароғи бодаро бифруз, шаб бо рӯз яксонаст

Саломатро намехоҳанд посух гуфт

Ҳаво, дилгир, дарҳо баста, сарҳо дар гиребон, дастҳо пинҳон

Нафасҳо абр, дилҳо хастау ғамгин,

Дарахтон, искелетҳои булӯроҷин,

Замин дилмурда, сақфи осмон, кӯтоҳ,

Ғуборолӯда меҳру моҳ,

Зимистонаст.

  1. 1.0 1.1 NUKAT — 2002.
  2. 2.0 2.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #119238284 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.

Адабиёт

вироиш
  • История персидской литературы XIX—XX веков. М., 1999.