Маҳдӣ Суҳайлӣ
Маҳдии Суҳайлӣ (форсӣ: مهدی سهیلی; 28 июн 1924, Теҳрон — 9 август 1987) — шоир ва нависандаи эронӣ.
форсӣ: مهدی سهیلی | |
Таърихи таваллуд: | 28 июн 1924 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 9 август 1987 (63 сол) |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир, намоишноманавис |
Забони осор: | форсӣ |
sohaili.com |
Зиндагинома
вироишМаҳдии Суҳайлӣ 7 тирмоҳи соли 1303 дар Теҳрон мутаваллид шудааст. Вай фарзанди Ғуломризо аз наводагони Ҳоҷҷ Акбари Симнонӣ аз шоирони бузурги муосир аст. Пас аз поёни таҳсилоти ибтидоӣ ба фарогирифтани улуми қадимия ва сарфу наҳви арабӣ ва мантиқу маъонӣ назди устодони фанн пардохт ва давраи мутавасситаро дар дабиристони Низомобод ба поён овард. Сипас вориди хадамоти матбуотӣ ва рӯзноманигорӣ шуд[1].
Номи хонаводагии худро аз Ҳоҷӣ Аликбарии Симнонӣ ба Суҳайлӣ дар соли 1322 тағйир дод.
Дар солҳои 1345—1356 илова бар анҷоми корҳои матбуотӣ ва ҳамкорӣ бо рӯзномаҳои фукоҳии Теҳрон, сарпарастии корвони шеър ва мусиқии родию ва доварии барномаи «Мушоира»-ро бар уҳда дошт. Ӯ дар заминаи намоишноманависӣ низ фаъолият доштааст.
Дар соли 1957 чанд асар аз вайро дар Маскав ба чоп расонданд.
Маҳдии Суҳайлӣ дар 18 мурдоди 1366 дар синни 63 солагӣ даргузашт.
Намунаи ашъор
вироишБоз омадам ба пурсиши ҳоли ту эй умед,
Эй модаре ҳар нафасам гуфтугӯйи туст.
Боз омадам ки бӯса занам бар мазори ту,
Эй қиблае, ки ҷону дили ман ба сӯйи туст.
Боз омадам ки шиква кунам аз ғами фироқ,
В-аз бонги нола рӯҳи туро бохабар кунам.
Модар! Ғами ту ҳамсафарам шуд ба ҷойи ту,
Бо ин ғами бузург чи хоке ба сар кунам?
Ҷони писар фидои ту эй модари азиз,
Кай донӣ аз фироқ чиҳо бар писар гузашт.
Ҳар лаҳзае, ки дар ғами маргат зи раҳ расид,
Бо сӯзи оҳ омаду бо чашми тар гузашт.
Ғамхона аст синаи ман дар фироқи ту,
Он кас, ки ҳаст аз ғами ман бохабар Худост.
Огаҳ набудам аз ғами бемодарӣ вале
Маргат паём дод, ки бемодарӣ балост.
Рафтӣ зи дасти мову намонд аз барои мо,
Ғайр аз ғаме, шикаста диле, ҷони хастае,
Ту мурғи ҷовидони биҳиштӣ шудӣ вале
Донад Худо, ки пушти писарро шикастаӣ.
Модар! Бихоб хуш, ки зи ёдам намеравӣ,
Ҷонам фидои туву манзил муборакат.
Модар бихоб каъбаи ман хоки кӯйи туст,
Қурбони хоки кӯйи ту манзил муборакат.
Осор
вироиш- Асрор магӯ
- Биё бо ҳам бигирйем
- Дар хотири манӣ
- Бӯи баҳор медиҳад
- Базми шоирон
- Шоҳкорҳои Соиби Табрезӣ ва Калими Кошонӣ…
Эзоҳ
вироиш- ↑ زندگی نامه مهدی سهیلی(форсӣ). مردان پارس (1 Январ 1970). 4 ноябри 2022 санҷида шуд.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |