Маҳмадалишо Ҳайдаршо

Маҳмадалишо Ҳайдаршо (зод. 18 апрел 1928, Хоруғ, ҶХШС Тоҷикистон) — шоир, тарҷумон ва фелйетонависи машҳури тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС (1963)[1].

Маҳмадалишо Ҳайдаршо
Таърихи таваллуд: 18 апрел 1928(1928-04-18) (96 сол)
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: шоир, тарҷумон

Зиндагинома

вироиш

Ҳайдаршо Маҳмадалишо 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи ходими давлат таваллуд шудааст. Соли 1948 омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ, соли 1955 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Дар аввал муаллим буд, баъдан ба кори рӯзноманигорӣ гузашт. Аъзои ҳизби коммунист буд ва соли 1965 Мактаби олии ҳизбиро низ хатм карда буд.

Аз соли 1974 муҳаррири калони моҳномаи «Комунисти Тоҷикистон» буд. Аз аввали солҳои 50 ҳам барои атфол ва ҳам барои бузургсолон шеър мегуфт.

Ашъори ӯ дар маҷмуаҳои «Ҳамсинфони ман» (соли 1958), «Садои баҳор» (соли 1966), «Бачаҳои Москва» (соли 1966), «Гулхандаи замин»(соли 1974), «Дарё омад» (соли 1976), «Помири ман» (соли 1978), «Кӯҳи лаъл» (соли 1982), «Баёзи сангин» (соли 1984), гирд омадаанд.

Дар китоби ҳаҷвии ӯ "Хористони «Хорпуштак» (соли 1983) танбалону коргурезон ва хушомадгӯёну баднафсон мазаммат шудаанд. Намунаи шеърҳои Ҳайдаршо ба забонҳои русӣ, молдовӣ, ӯзбекӣ ва ғайра тарҷума шудааст. Китоби очерку мақолаҳояш бо номи «Се насли омўзгорони Бадахшон» соли 1991 аз чоп баромад.

Тарҷумонӣ

вироиш

Ашъори С. Шипачёв, К. Симонов, Н. Доризо ва дигаронро ба тоҷикӣ гардонидааст.

  • Ҳайдаршо, М. Сарои баҳор : / Муҳаррир М. Фарҳат . — Душанбе : Ирфон , 1966 . — 84 с.
  • Ҳайдаршо, М. Оимтилло дар қабулгоҳи Мушфиқӣ: Ҳаҷвия // Занони Тоҷикистон. — 1972 . — № 3 . — С. 22.
  • Ҳайдаршо, М. Помири ман : Маҷмӯаи шеърҳо . — Душанбе: Ирфон, 1978 . — 144 с.
  • Ҳайдаршо,М. Кӯҳи лаъл: Маҷмӯаи шеърҳо барои бачагони синни томактабӣ . — Душанбе : Маориф , 1982 . — 24 с.
  • Ҳайдаршо,М. Баёзи сангин: Маҷмўаи шеърҳо . — Душанбе: Ирфон, 1985 . — 80 с.
  • Ҳайдаршо, М. Мо аз боми ҷаҳон: Қисса ва шеърҳо барои бачагони синни хурди мактабӣ . — Душанбе: Маориф , 1986 . — 72 с.
  1. Парвина Каюмова. Ёде аз шоир Ҳайдаршо Маҳмадалишо. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (18 апрели 2017). 18 апрели 2023 санҷида шуд.